01:10 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Намоиши iPhone X

Дар Тоҷикистон бо пули iPhone чӣ корҳоро метавон анҷом дод?

© AP/ Marcio Jose Sanchez
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Чанде қабл дар ИМА рӯнамоии таҷҳизоти Apple баргузор шуд. Ширкат ин дафъа iPhone 8, iPhone 8 Plus, iPhone X и Apple Watch Series 3-ро ба намоиш гузошт

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik, Илона Ярош. Дар иёлати Калифорнияи Амрико рӯнамоии таҷҳизоти навтарини Apple баргузор шуд.

Намунаи iPhone X,  моҳи ноябри ҳамин сол ба фурӯш бароварда мешавад ва арзиши он 8 900 сомонӣ ё 999 дулор аст. Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки ба ин маблағ дар Тоҷикистон чӣ корҳоро метавон анҷом дод.

Масъалан ба пули як iPhone метавон 1 тоннаву 112 кг шакар, 2 тоннаву 225 кг картошка, 3 ҳазору 560 литр оби ошомиданӣ, ва 3 ҳазору 550 нон харид.

Мухлисони киноба ин қадар маблағ метавонанд  барои чанд соли оянда ба синамо билет харанд. Аниқтараш, шумо метавонед 127 маротиба ба кино дароед ва ҳамроҳ ё 1 ҳазору 112 финҷон қаҳва гиред.

Дар нақлиёти иҷтимоӣ бошад бо ин маблағ метавон 17 ҳазору 800 маротиба аз ин тарафи шаҳр ба он тарафи шаҳр гашту гузор кард.

Ҳамчунин ба ин миқдор метавонед ду маротиба ба Маскав омада бозпас гашт ё  35 маротиба барои истироҳат ба Искандаркӯл рафт.

Ҳоло ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа 276 сомонӣ аст ва нафақахӯрон бояд барои харидани iPhone 36 моҳ пул ҷамъ кунанд.

Дар ИМА рӯнамои таҷҳизоти Apple баргузор шуд. Дар он ширкат якчанд таҷҳизоташро ба ҳозирон намоиш дод, ки инҳо iPhone 8, iPhone 8 Plus, iPhone X и Apple Watch Series 3 буданд.

Барчаспҳо:
iPhone X, нархи наво, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ