10:56 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Танҳоӣ. Акс аз бойгонӣ

Олимон сирри дарозумрии инсонро ёфтанд

© Pixabay
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
93340

Гурӯҳе аз олимони амрикоӣ дар паи гузаронидани пажӯҳиш ба хулоса омаданд, ки гуруснанишинӣ ва камхӯрӣ умри инсонро дароз мекунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Натиҷаҳои пажӯҳиши олимон дар маҷаллаи Nature Communications мунташир шудааст.

Олимон дар паи ин пажӯҳиш муайян кардаанд, ки камхӯрӣ, гуруснанишинӣ ва истеъмони ғизои камколория хатари марги зудрасро аз байн мебарад ва умри инсонро дароз мекунад.

Чуноне олимон қайд мекунанд, суръати тағйироти эпигенетикии инсон бо давомнокии зиндагӣ вобаста аст. Ҳар қадаре, ки намояндаи ин ё он намуди мавҷудоти зинда ба сар барад, ҳамон қадар тағйироти генетикӣ дертар пайдо мешавад.

Олимон дар паи гузаронидани пажӯҳиш бо истифодаи хуни мушҳо, маймунҳо ва одамон ба чунин хулоса омадаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки равоншиносони амрикоӣ аз Донишгоҳи Бригам Янг ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳоӣ ва мардумгурезӣ ё инзивои иҷтимоъӣ сол аз сол бар ҷомеъа бештар асару таъсир мерасонад ва яке аз мушкилоти аслии башар дар оянда хоҳад буд.

Барчаспҳо:
дар бораи дарозумрӣ, олимон, Nature Communications, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ