10:33 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Навоварӣ. Акс аз бойгонӣ

Беҳтарин навоварони ҷавони Суғд муайян шуданд

© Фото: Университет ИТМО
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9120

Дар шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни "Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр" баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, озмуни мазкур тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илмгузаронида шуд.

Озмуни  "Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр" бахшида ба "Соли ҷавонон" байни хонандагони муассисаҳо таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо гузаронида шудааст.

Ҳамин тавр байни хонандагони таҳсилоти миёнаи шаҳр мақоми аввалро Меъроҷ Маҳмудов, ҷои дуюм Азиза Муродова ва мақоми суюмро  Ҳотамҷон Ҳотамов гирифтааст.

Ғолибон аз ҳисоби донишҷӯён ва олимони ҷавон низ муайян гардиданд ва Парвиз Солиев бо лоиҳаи "Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ" мақоми аввал, Бурҳониддин Шерматов бо ихтирои "Усули нави мубориза бар зидди заргинаки сиёҳ" ҷойи дуюм ва Маъруфҷон Ёров бо лоиҳаи "Автоматикунонии муассисаҳои табобатӣ" ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки ба ғолибон — хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 750 сомонӣ то 2000 сомонӣ ва донишҷӯёну устодони ҷавон аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ маблағҳои пулӣ дода мешавад.

Барчаспҳо:
навоварон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ