22:55 17 январи 2018
Пахши мустақим
Детеныша снежного барса показали публике в зоопарке Нью-Йорка

Бумшиноси тоҷик бо ҷоизаи "Dallas Safari Club" сарфароз шуд

© RUPTLY.
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Ин ҷоизаро дар соли 2007 ба Теодор Рузвелт, 26-умин раисҷумҳури Амрико, барои саҳмгузорӣ дар нигаҳдории боғҳои миллии кишвар тақдим карда буданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Эколог ё бумшиноси ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори ҷоизаи анҷумани "Dallas Safari Club" шудааст.

Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, ин пажӯҳишгари тоҷик барои саҳми бузургаш дар нигаҳдории ҳаёти ваҳш ин ҷоизаро дарёфт кардааст.

Маросими тақдими ҷоиза 6 январи соли 2018 дар ҳамоиши солонаи ин анҷуман дар Даллас баргузор хоҳад шуд.

Ҷолиб аст, ки ин ҷоизаро дар соли 2007 ба Теодор Рузвелт, 26-умин раисҷумҳури Амрико, барои саҳмгузорӣ дар нигаҳдории боғҳои миллии кишвар тақдим карда буданд

Халил Каримов корманди илмии Барномаи нигаҳдории паланги барфӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҷонваршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст.

Dallas Safari Club яке аз куҳантарин анҷуманҳои шикоргарон ва нигаҳбонони ҷонварон дар Амрико аст ва ин ҷоизаро аз соли 2005 то кунун ба касоне тақдим мекунад, дар нигаҳбонии ҷонварону зистбумашон саҳми арзанда гузошта бошанд.

Мавзуъ

Дар остонаи нобудӣ: ҷонварони камшумори Тоҷикистон
Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд
Филми "Коса" дар Ҷашнвораи филмҳои афғонӣ ҷоизаи асосиро ба даст овард
Бекмамадов соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи бонуфузи Русия шуд
Барандагони ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода эълом шуданд
Барчаспҳо:
зистбум, бумшинос, Dallas Safari Club, Халил Каримов, Тоҷикистон-Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ