07:39 21 январи 2018
Пахши мустақим
Халил Каримов, акс аз бойгонӣ

Як пажӯҳишгари ҷавони тоҷик дар Амрико барандаи ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шуд

© Universität für Bodenkultur Wien
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
14920

Пажӯҳишгари тоҷик Халил Каримов нахустин касе аз кишварҳои шуравии пешин аст, ки дар соли 2018 ҷоизаи бонуфузи Питер Капстикро ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Пажӯҳишгари ҷавони тоҷик Халил Каримов ҷоизаи бонуфузи мероси шикоргарони Питер Капстикро дарёфт кард.

Маросими супоридани ҷоиза чанде пеш дар ар шаҳри Далласи иёлати Техаси ИМА дар Анҷумани солонаи шикоргарон ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Ин ҷоиза ҳар сол ба пажӯҳишгаре дода мешавад, ки дар ҳифзи олами ҳайвонот саҳми намоён гузоштаанд.

Халил Каримов дар беҳтар намудани ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон фаъолияти назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, саҳми босазои Халил Каримов дар рушду тараққии сайёҳии шикорӣ дар манотиқи кӯҳсори Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни ёдоварӣ аст.

Вай, ки шикоршинос ва муҳофизи ҷонварони нодир аст, нахустин касе аз кишварҳои шуравии пешин аст, ки соли 2018 Ҷоизаи бонуфузи мероси шикоргарони Питер Капстикро сазовор гардид.

Халил Каримов докторанти докторантураи Ph.D Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст ва бо роҳбарии доктори улуми биологӣ Абдусаттор Саидов дар ин муассиса кор мекунад. Ӯ ҳамакнун дар Австрия аст.

Барчаспҳо:
ҷоиза, олим, Халил Каримов, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ