05:42 21 августи 2017
Пахши мустақим
Сезонное отключение воды. Архивное фото

Қатъи муваққатии интиқоли об ба сокинони Душанбе

© Sputnik / Константин Чалабов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Иҷозаи таъмиру тармими лӯлаҳо ва ҳавзҳои обрасонро корхонаи “Обу корези Душанбе” аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр дарёфт кардааст.

Тибқи қарори мазкур бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" бо ҳадафи омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, оби нушокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии "Фишорӣ", "Худҷореъ", "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" ва "Кофарниҳон" қатъ хоҳад шуд.

Бар асоси ин қарор маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ (ноҳияи Сино), хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ), ки тавассути истгоҳи обтаъминкунии "Фишорӣ" об мегиранд, аз соати 22:00-и рӯзи 19 ноябр то соати 24:00-и 20 ноябр бе оби нушокӣ мемонанд.

Инчунин, маҳаллаҳои Хувамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77 (ноҳияи Шоҳмансур), маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2 (ноҳияи Сино), кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) аз соати 22:00-и 25 ноябр то соати 24:00 26 ноябр тавассути истгоҳи обтаъминкунии "Худҷореъ" қатъ мегардад.

Шаҳракҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав (ноҳияи Сино), ки аз истгоҳи обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" об мегиранд, аз соати 22:00-и 2 декабр то соати 24:00-и 3 декабр бе об хоҳанд монд.

Интиқоли об тавассути истгоҳи обтаъминкунии "Кофарниҳон" аз соати 22:00-и 9 декабр то соати 24:00-и 10 декабр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский (ноҳияи Фирдавсӣ), кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои Роҳи оҳан то Меҳмонсаройи "Пойтахт" ва қисмати кӯчаи Айнӣ, то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК (ноҳияи Шоҳмансур) қатъ мешавад.

Шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ҳамчунин, мири пойтахт бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ба раисони навоҳии Душанбе супориш додааст, ки таъминоти аҳолиро бо оби соф (бо истифода аз мошинҳои обкаш) таъмин кунанд.

 

Барчаспҳо:
кофарниҳон, фишорӣ, худҷореъ, интиқоли об, нӯшокӣ, шаҳрдорӣ, Обу корез

Мавзӯъҳои асосӣ