00:24 18 августи 2017
Пахши мустақим
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото

Додгоҳ аз "Нигоҳ" хост, дар бораи Содиротбонк нанависад

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳафтаномаи "Нигоҳ" тақозо кардааст, ки аз идомаи нашри матлаби вижае дар бораи "Тоҷиксодротбонк" худдорӣ намояд.

Нашрия бо пахши як изҳорот 18 ноябр тақозои додгоҳро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ки он далели ғайри қонунӣ монеа эҷод кардан ба фаъолияти журналистӣ аст.

Мактуби додгоҳ бо имзои додрас Раҷабзода Ҳотам ба нашрия ворид шудааст. "Нигоҳ" аз се ҳафта ба ин сӯ силсиламақолаи "Тилисми Тоҷиксодиротбонк"-ро интишор мекунад, ки зимнан қазияи фиреби як муштарӣ таҳқиқ мешавад.

Ин қазия марбути як муомилаи пулии беш аз 1 миллион долларӣ миёни Қамаруззамон Азизов, аз оилаи маъруфи овозхонон Азизовҳо ва "Тоҷиксодиротбонк"- и Тоҷиддин Пиров меравад. Даъвои аввалӣ ин аст, ки кормандони бонк бо роҳандозии як барнома хостаанд хонаву дари ӯву модарарӯсашро, ки ба гарав гузошта буданд, аз худ кунанд.

Дар изҳороти нашрия омадааст, ки додрас Ҳотам Раҷабзода бар асоси дархости "Тоҷиксодиротбонк" ва бе иштироки намояндаи нашрия қарори марбутаро қабул кардааст.

"Ҳатто даъвогарони ин қазия — Искандаровҳо огоҳ накарда, хулосаи соддаеро баровардааст, ки дар матлаб "натиҷаи мурофиаи судӣ" пешакӣ баён шудааст, ҳол он ки чунин нест. Судя дар рафти баррасии дархост ва қабули таъйинот ҳолатҳои корро наомӯхта, ягон матлаби ин силсила-мақолаи "Нигоҳ"-ро нахондааст. Агар мехонд, мутмаин мешуд, ки дархости бонк ғайриқонунӣ ва ғаразнок аст", — навишта шудааст дар изҳорот.

Дар се матлаби силсила-мақола сухан аз ҳолатҳои кор, амалҳои ғайриқонунии директори ҶДММ "Луна-2003" Рустам Қаюмов, кормандони алоҳидаи ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва дигар шахсони манфиатдор меравад ва натиҷаи ҳич як мурофиаи судӣ дар се мақола зикр нашудааст. Кирдори "муҳокимаи натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххаси судӣ" дар амалҳои журналистони "Нигоҳ" вуҷуд надорад.

Баҳси Фароғат Искандарова, хушдомани Қамаруззамон Азизов аз як сол ба ин сӯ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад. Бино ба ин баҳс, Қамаруззамон Азизов аз "Тоҷиксодиротбонк" барои сармоягузории тиҷорати ҳамкораш Рустам Қаюмов ҳудуди 1 миллион доллар қарз гирифта, манозили зисти худу хушдоманашро ба гарав ниҳодааст. Дар ин миён, ҳамкори тиҷоратиаш ба Туркия  фирор карда, ба ҳамин минвол, Азизовро низ дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Дар хотимаи изҳорот омадааст, ки кормандони "Нигоҳ" аз таъйиноти судя Ҳотам Раҷабзода итоат накарда, идома ва хулосаи силсиламақолаи "Тилисми Тоҷиксодиротбонк"-ро дар ҳафтаҳои наздик интишор мекунанд.

Барчаспҳо:
Нигоҳ, матлаб, Пиров, Тоҷиксодиротбонк, додгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ