05:37 21 августи 2017
Пахши мустақим
Доллар

Тоҷикистон дастрасӣ ба грантҳои хориҷиро танзим мекунад

© Flickr/ David Goehring
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазорати адлия тарҳи қонунеро рӯи даст гирифтааст, ки дар сурати қабул шудан дастрасии созмонҳои иҷтимоӣ ба грантҳои хориҷиро метавонад кӯтоҳ кунад, — бо таъкид ба Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ менависад Радиои Озодӣ.

Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни ҳамоиши байналмилалии "Озодии баён ва Тоҷикистон — Конфаронс барои ҷомеаи маданӣ" 18 ноябр дар Душанбе аз ин иқдоми вазорати адлия изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки ин амал ҷанбаи бюрократӣ дошта, фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистонро маҳдуд хоҳад кард.

Дар сурати ворид шудани ҷунин тағйирот ба Қонуни ҶТ "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ва қабули он аз сӯи парлумон, паёмади он ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад ва имкони қатъи фаъолияти иддае аз созмонҳои ҷамъиятӣ низ вуҷуд хоҳад дошт, афзудааст Қаршибоев.

"Мутаассифона вақтҳои охир ҳади аксар кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳдуд карда шуда, зери назорат бошад. Дар ин миён Русия ба Тоҷикистон намунаи баде дод, ки дар қонунаш он ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо грантҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, агенти хориҷӣ эътироф намуд. Дар Тоҷикистон ҳам лоиҳаи чунин қонун дар Вазорати адлия муҳокима шудас истодааст, ки бар асоси он тамоми грантҳо бояд регистратсия шаванд. Танҳо бо иҷозаи адлия созмонҳо бояд аз хориҷ грант гиранд", — таъкид доштааст Нуриддин Қаршибоев.

Наргис Зокирова, яке аз дигар фаъолони иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар сурати тасдиқ гардидани ин лоиҳа тамоми созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба вазорати адлия дар бораи он ки аз куҷо ва ба кадом ҳадаф маблағ мегиранд, ҳисобот диҳанд.

Гуфта мешавад, тағйирот бояд ба моддаҳои 24, 34 ва 38 —и Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда шавад.

Ба иттилои вазорати адлия, феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазору 800 созмони иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Бархӯрди Тоҷикитон бо созмонҳои иҷтимоӣ ва ё ташкилотҳои ғайри давлатӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ намунаи ягона нест. Дар соли 2011 Белорусия баъд аз интихоботи президентиаш фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии ин кишварро зери назорати ҷиддӣ гирифта буд. Он замон буд, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳаққи нигаҳ доштани маблағҳо ва дигар дороияшон дар бонкҳои кишварҳои хориҷӣ маҳрум шуданд. Бо ворид кардани тағйирот дар Қонуни ҷиноӣ, фаъолони иҷтимоии Белорусияро метавонистанд дар пайи дарёфти грантҳои машкук то 2 сол зиндонӣ кунанд.

Ба дунболи Белорусия, дар тобистони соли 2012 Русия низ қонунеро қабул кард, ки дар асоси он минбаъд ҳар ташкилоти ҷамъиятӣ расман худро "агенти хориҷӣ" бояд бихонанд.

Мавзуъ

Маҳдудияти озодии баёнро дар Тоҷикистон ба Украина рабт медиҳанд
Барчаспҳо:
фаъолият, адлия, қонун, грант, ташкилотҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ