02:05 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Парламент Таджикистана. Архивное фото

Вакилони тоҷик хостори пуштибонӣ аз муҳоҷирон мебошанд

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
701

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонпешниҳод кард, ки ҳар чӣ зудтари лоиҳаи созишнома дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ миёни ҶТ ва ФР баррасӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вакилони МН пешниҳоди таъсиси Хазинаи (Фонди) кӯмакҳои моддӣ барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ниёзмандро доранд ва он  набояд аз ҳисоби муҳоҷирон бошад, иттилоъ медиҳад сомонаи палатаи поёнии парлумон.

Ин пешниҳод аснои  муҳокимаи парламентӣ роҷеъ ба масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» садо дод.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро  ифтитоҳ намуда, оид ба раванди танзими муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон сухан гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масоили муҳими кишвар ба шумор меравад.

"Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион муҳоҷирони меҳнатии мо дар Федератсияи Русия меҳнат мекунанд. Новобаста аз он, ки ҳоло дар кишварамон 30-агентии хусусӣ ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ машғул бошанд ҳам, аммо муҳоҷирони меҳнатии мо ҳоло ҳам ба Русия таваккал карда мераванд",-гуфт Зуҳуров.

Муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба иқтисоди Русия тақрибан беш аз 30 миллиард доллар ворид менамоянд. Аз ин рӯ, ин табақаи шаҳрвандон ба ҳимоя ва кӯмаки ҳар чӣ бештари ҳар ду давлат ниёзманданд.

Ба масъалаи омодагии муҳоҷирони корӣ дахл карда, вакилон иброз доштанд, ки муҳоҷирони тоҷик умдатан  ихтисоси зарурӣ надоранд, забони русиро балад нестанд ва аз қавонини кишвари мизбон огоҳӣ надоранд.

Ба иттилои Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия то аввали моҳи ноябр теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ФР ба сар мебаранд баробар ба 1 миллиону 105,5 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад ва ин рақам дар қиёс ба як моҳи қабл 65.000 нафар камтар аст.

Тариқи низоми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳудуди 1 миллиарду 668 миллион доллар ирсол гардидааст. Бонки марказии Русия бошад, аснои эъломи натиҷаи соли 2013 гуфт, дар ин сол аз ФР ба ҶТ 4 миллиарду 153 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки он муодили 50 % ММД-и Тоҷикистон мебошад.    

 

Барчаспҳо:
МН, ниёзманд, Зуҳуров, муҳоҷират, муҳоҷирон, парламент, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ