12:58 17 августи 2017
Пахши мустақим
Иҷтимоъ

16 ҳазор сомонии ҳукумати Хуҷанд барои ҷарроҳии сокини шаҳр

Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Мақомоти давлатии маркази маъмурии вилояти Суғд барои ҷарроҳии як сокини шаҳри Хуҷанд кӯмак кард. Ба таври мустақилона бошад, ин шаҳрванд тайи ду соли оянда маблағи заруриро ҷамъ карда наметавонист.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати анҷоми ҷарроҳии як сокини минтақа 16,7 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, менависад сомонаи расмии мақомот.

Байтулло Хоҷаев аз овони кӯдакӣ аз бемории пой ранҷ мекашид. Барои халосӣ аз ин беморӣ то имрӯз се маротиба ҷаррохӣ  гардидааст. Ҷарроҳии навбатӣ бошад, зарурати даъвати мутахассис аз Русияро ба миён овард ва он хароҷоти иловагиро талаб менамуд.

"Хоҷаев барои кӯмак ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард. Барои қисман пӯшондани хароҷоти ҷарроҳӣ бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳр аз буҷаи маҳаллӣ 16 750 сомонӣ ҷудо гардид",-омадааст дар иттилоия.

Амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашта, саломатии бемор дар ҳолати барқароршавӣ аст.

Ҳадди аққали маош дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли равон 806 сомонӣ (муодили 150 доллар) муайян шудааст, ки он барои зисту маишати шаҳрвандон кифоя нест. Зимнан, барои гузаронидани чунин ҷарроҳӣ дар мисоли Хоҷаев, шаҳрванди оддиро зарур меояд, ки ҳамаи маошашро тайи ду сол захира намояд.

Барчаспҳо:
806, ҷарроҳӣ, Аҳмадзода, Хуҷанд, Байтулло

Мавзӯъҳои асосӣ