ВҲФ ФР: Ҳаштумин корвон пас аз анҷоми миссияааш ба Русия баргашт

© Sputnik / Вера КостамоКорвони ҳаштумини кӯмакҳои башардӯстона барои сокинони Донбас
Корвони ҳаштумини кӯмакҳои башардӯстона барои сокинони Донбас - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ҳамаи нақлиёти боркаш аз Донбасс ба вилояти Ростов холӣ баргаштананд. Кормандони нуқтаҳои гумрукӣ, хадамоти марзбонӣ ва хабарнигорон шоҳиди ҳоланд. Ин марҳилаи башардӯстона мисли чорабиниҳои пешин хуб гузашт”,- гуфт Олег Воронов.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Давраи навбатии ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба Донбас анҷом ёфт, менависад РИА Новости бо истинод ба суханони Олег Воронов, муовини маркази миллии идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия.

Рӯзи якшанбеи гузашта беш аз 60 мошини боркаши ҳомили 800 тонна мавод ба Донетск ва 40 нақлиёти дигар, ки 400 тонна кӯмаки башардӯстона дошт ба Луганск расонида шуд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ ба Донбас беш аз 1200 тонна масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ ироа гардид.

ВҲФ-и Русия ба Донбас ёрдами инсондӯстона мекунад

"Ҳамаи нақлиёти боркаш аз Донбасс ба вилояти Ростов холӣ баргаштананд. Кормандони нуқтаҳои гумрукӣ, хадамоти марзбонӣ ва хабарнигорон шоҳиди ҳоланд. Ин марҳилаи башардӯстона мисли чорабиниҳои пешин хуб гузашт",- гуфт Воронов.

Дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ кормандони гумрук ва хадамоти марзбонии Украина пас аз тафтиши ҳар як нақлиёт иҷозаи бозгашти онҳоро ба Русия доданд.

"Ба барфрезии шадид нигоҳ накарда, ронандагону наҷотбахшон аз ӯҳдаи вазифаашон баромаданд. Саломатии онҳо хуб буда, нақлиёт дар ҳолати коршоям аст. Аснои ҳаракат ва убури марз ҳеч ҳодисае рух надодааст",- афзуд Воронов.

Аз оғози амалиёти ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба Донбас ин корвони ҳаштуми мошинҳо маҳсуб мегардад. Аз моҳи август то  16-уми ноябр ба Донетск ҳафт корвони башардӯстона ҳудуди 9,5 ҳазор тонна маводи гуногун, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, либоси кудакона ва дорувориро расонидааст.  

 

Лентаи хабарҳо
0