Барои сагу гурба дар Русия андоз ҷорӣ карданианд

© Flickr \ Andrey / Гузариш ба медиабонкПишак (гурба). Акс аз бойгонӣ
Пишак (гурба). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси қонунгузорӣ дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз ҳайвоноти хонагӣ пешниҳод намудааст. Маблағи ҷамъшуда бозпас барои нигоҳубини дигар ҳайвонот ироа мегардад.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Қонунгузории маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург пешнависи қонун дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз сагу гурбаро дар ҳаҷми 1 ҳазор рубл барои ҳар сари ҳайвонот ба Думаи давлатӣ ироа кардааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Агар саг ахта шуда бошад, андоз то 100 рубл коҳиш меёбад, навишта шудааст дар зершарҳи лоиҳаи қонуни мазкур.

Тибқи иттилоъ барои солҳои 2011-2012 ба 4,9 миллион нафар дар Санкт-Петербург 107 сагу гурбаи расман номнависшуда ва 37 ҳазор қайднашуда  рост меояд. Ба навиштаи манбаъ, дар пойтахти шимолии Русия 300 ҳазор саг ва 1 миллион гурбаи сабтиномнашуда вуҷуд дорад. Аз ин шумора на бештар аз 10 % —и ҳайвонот ахта шудаасту бас.

Дар маҷмӯъ, дар Русия, ба қавли вакилони парлумони Санкт-Петербург  8,5 миллион саг ва 28 миллион гурба вуҷуд дорад. Дар сурати қабули қонуни мазкур буҷаи кишвар соҳиби  7,7 миллиард  рубли иловагӣ хоҳад шуд, омадааст дар шарҳи пешнависи лоиҳаи қонун.

Тарҳи қонун инчунин тарзи нигоҳубин, сабти ном, вақти сайру гашти ҳайвонот ва дигар ҷузъиётро низ баррасӣ кардааст.

Масалан, барои сайру гашти саг бе ришта ва ҳимояткунда (намордник) ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 4 ҳазор рубл пешбинӣ мешавад. Инчунин, бар тибқи лоиҳаи қонуни мазкур кӯдакон наметавонанд сагро бе волидайнашон ба кӯча бароранд.

 

Лентаи хабарҳо
0