Суроғаи боғи вуҳуши пойтахт тағйир меёбад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкБоғи вуҳуш. Акс аз бойгонӣ
Боғи вуҳуш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи барномаи бозсозии Душанбе, боғи ҷадиди вуҳуш дар теппаҳои қисмати шимолу шарқии Душанбе бунёд мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Боғи ҷадиди вуҳуши Душанбе дар теппаҳои шимолу шарқии шаҳр, дар наздикии Боғи Ғалаба сохта мешавад, хабар медиҳад "Tojnews".

Ба гуфтаи сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев, маҳалли сохтмон интихоб шудааст ва акнун бояд қарори шаҳрдориро интизор шуд.

"Агар қарори зарурӣ имзо шавад, умури таҳияи тарҳи боғи вуҳуш ва иттихози маблағ оғоз мешаванд", — гуфт Файзуллоев, вале таърихи дақиқеро ироъа накард.

Боғи вуҳуши пойтахт соли 1961 дар хиёбони Исмоъили Сомонӣ, дар соҳили рости рӯдхонаи Душанбе бунёд шудааст. Феълан дар ин боғ 130 намуди ҷонварон нигоҳубин мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0