30% бознишастагони маълул дар Тоҷикистон “тақаллубӣ” будаанд

© Sputnik / Максим БогодвидАробача барои маъюбон. Акс аз бойгонӣ
Аробача барои маъюбон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуфаттоҳ Ғоиб мегӯяд, ки он идда аз афроде, ки барояшон ҳуқуқи бознишастагӣ аз рӯйи маълулият ғайриқонунӣ ҷудо шудааст, бояд ба давлат тамоми маблағи гирифтаашонро бозпас диҳанд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сарвари Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон имрӯз ба хабарнигорон дар бораи ошкор шудани нақзи қавонин ба ҳангоми таъйини ҳуқуқи бознишастагӣ изҳори назар кард, менависад "Авеста".

Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ "таъйини ҳуқуқи бознишастагии маълулии 10 ҳазору 827 нафар — ин 30% куллияи маълулони дар кишвар сабти номшуда бекор шудааст. Аз миёни онҳо 7 ҳазору 46 нафар комилан сиҳат буданд. Дигарон ғайриқонунӣ як гурӯҳи маълулиро ба дигар гурӯҳ иваз кардаанд", — хабар медиҳад "Азия-Плюс" бо истинод ба раҳбари Оҷонсӣ.

Ба гуфтаи вай, ҳатто мавориде ошкор шудаанд, ки ҳуқуқи бознишастагӣ ба афроди фавтида пардохт мешуданд. Хисороти ворида, ба гуфтаи оқои Ғоиб, аз ин ҷиноёт 14,9 миллион сомонӣ шудааст.

Дар бораи мавориди дақиқ ҳарф зада, Ғоиб зикр кард, ки мавриде буд вақте корманди "Тоҷиксодиротбонк" Наталя Назаршоева дар тӯли чаҳор сол ғайриқонунӣ ба маблағи 718 ҳазор сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кардааст.

"Ба ин зан ҳар моҳ ҳудуди 17 ҳазор сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ таъйин шуда буд. Як корманди ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар замони раҳбарии Амонулло Ҳукуматулло дар тӯли чаҳор сол ғайриқонунӣ 72 ҳазор сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ гирифтааст", — зикр кард Абдуфаттоҳ Ғоиб.

Ба иттилоъи вай 1 ҳазору 815 корманди ин ниҳод ҳуқуқи бознишастагии маълулии тақаллубӣ мегирифтанд.

Абдуфаттоҳ Ғоиб гуфтааст, ки ҳамаи он афроде, ки барояшон ғайриқонунӣ ҳуқуқи бознишастагии маълулӣ таъйин шуда буд, муваззафанд ба давлат куллия маболиғи гирифтаашонро бозпас диҳанд, навиштааст "Азия-Плюс".

Лентаи хабарҳо
0