01:27 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода

Дар Тоҷикистон вазифаи ҳомии ҳуқуқи кӯдакон таъсис мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Омбудсмен ё ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар кишвар вазифаи ҷудогона барои ҳимояти ноболиғон зарур аст.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Фурсате расидааст, ки вазифаи ҳомии ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсис дода шавад, гуфт Зариф Ализода, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрз, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Зарурати таъсиси ин ниҳодро Ализода ба афзоиши ҷиноёт дар миёни ноболиғон ва масоили дигари марбут ба насли ҷавон марбут медонад.

Зариф Ализода ҳамчунин аз даҳҳо кӯдаконе ёдоварӣ кард, ки дар хиёбонҳо ва бозорҳо ғайриқонунӣ ба кори ҷисмонӣ машғул ҳастанду ба ҳимояти ҳуқуқи худ ниёз доранд.

Ба иттилоъи ниҳоди ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 ба манзури омӯзиши вазъи риояти ҳуқуқи кӯдакон дар 26 муъассиса бозрасиҳо анҷом шудаанд. Вале дар бораи натоиҷи ин бозрасиҳо иттилоъ дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар охири моҳи декабр дар Тоҷикистон натоиҷи пажӯҳиши расмии истифода аз кори кӯдаконро эълом карданд, ки тибқи он дар кишвар дар соли 2013 522 ҳазор кӯдак ба кори иҷборӣ фаро гирифта шудаанд, ки бештарашон писарбачаҳо мебошанд.

Барчаспҳо:
зарурати таъсиси ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, Ҳомии ҳуқуқи инсон, Зариф Ализода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ