05:34 21 августи 2017
Пахши мустақим
Борони шадид. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдори Хуҷанд мушкили бистсолаи сокинонро ҳал мекунад

© Sputnik / Виталий Аньков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар тӯли як ҳафта коршиносон бояд тарҳи бозсозии яке аз хиёбонҳои аслии шаҳрро, ки тӯли бист сол дар вазъи ногувор буд, таҳия кунанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, ки яке аз хиёбонҳои аслии шаҳрро, ки тӯли 20 сол дар вазъи ногувор буд, бозсозӣ кунанд, хабар медиҳад сойти шаҳрдорӣ.

Дар тӯли ду даҳсола хиёбони ба номи Ҷӯрабой Зокиров, ки барои сокинони маҳаллоти атрофи коллеҷи тиббӣ ҷодаи аслӣ маҳсуб мешавад, дар вазъи нигаронкунанда қарор дошта дар мавсими боронгарӣ пайваста зери об мемонад.

"Барои ошноӣ бо вазъ шаҳрдор Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулони зирабт, ҳамчунин бо раисони маҳаллаҳо ба ин минтақар ташриф овард", — омадааст дар хабар.

Баъд аз ошноӣ бо вазъ дар ин маҳалла шаҳрдори Хуҷанд дастур дод, ки дар тӯли як ҳафта чанд тарҳи бозсозии ин хиёбонро таҳия кунанд.

 

Мавзуъ

Шаҳри Хуҷанд дар соли оянда “гулборон” мешавад
Ҳудуди 300 мошин дар роҳ ба сӯи Хуҷанд дар мондааст
Барчаспҳо:
хиёбони Ҷӯрабой Зокиров, бозсозии хиёбон, шаҳрдорӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ