Ваколатдори ҳуқуқи инсон: фавти 80 зиндонӣ дар маҳбасҳои ҶТ

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкЗиндониён дар муассисаҳои ислоҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Зиндониён дар муассисаҳои ислоҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба гузориши солонаи омбудсмени Тоҷикистон ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар соли 2014 дар зиндонҳои кишвар 80 маҳбус ҷон додаанд. Иллати марги 25 маҳбус бемории сил будааст.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 80 зиндонии тоҷик дар шифохона ва муассисаҳои муолиҷавии тобеи вазорати адлия вафот кардаанд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

25 нафари ин зиндониён аз бемории сил ва бақия, ба гуфтаи дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон, аз бемориҳои дарунӣ фавтидаанд.

То охири соли 2014 дар зиндонҳои кишвар бештар аз 746 нафар гирифторони бемории вируси норасоии масунияти бадан ва сил адои ҳукм мекарданд. Маълумот дар бораи ҳалокати зиндониёни бемор дар Тоҷикистонро мақомоти сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия аксаран пинҳон медоранд, вале имсол ин омор дар маърӯзаи солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дарҷ шудааст.

Дар ин маърӯза, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, ҳарчанд соли 2014 барои беҳтар кардани ҳолати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ чораҳо андешида шудааст, аммо вазъи нигаҳдошти зиндониён беҳбудӣ металабад ва ҳукумат бояд "барои беҳтар намудани шароити нигаҳдорӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" маблағгузориро зиёдтар кунад.

Гузашта аз ин ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳатто нерӯи барқ хомӯш мешавад, ки барои таъмини амнияти муассисаҳои ислоҳӣ хатар эҷод мекунад.

Соли 2014 намояндагони дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон, вазъи 5 муассиса, аз ҷумла боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ, шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ду муассисаҳои ислоҳии дигарро таҳқиқ кардаанд ва айни санҷиши онҳо нерӯи барқ дар баъзе аз ин муассисаҳо қатъ шудааст.

Дар сӯҳбат раҳбарони ин муассисаҳо гуфтаанд, ки нерӯи барқ зуд-зуд хомӯш мешавад ва "ин барои таъмини амният дар муассисаҳо хатар эҷод мекунад." Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз мақомоти ҳукуматӣ хостааст, барои таъмини муназзами зиндонҳо бо нерӯи барқ чораҳои заруриро биандешанд.

Мушкили дигари зиндонҳо, ки ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр кардааст, рӯзҳои дароз бекор будани зиндониён аст.

Дар маърӯзаи ваколатдор омадааст, яке аз роҳҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон ҷалби онҳо ба кор аст, вале соли 2014 аз миёни ҳазорон зиндонӣ танҳо 2100 нафари онҳо ба кори бомузд ҷалб шудаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурх борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон иҷоза бидиҳад, вазъи зиндонҳоро таҳқиқ кунад, ки то куҷо ба ҳуқуқи зиндониён эҳтиром мегузоранд ва шароити нигаҳдориашон чӣ гуна аст. Аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор ҳукумат ин дархостро рад кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи  зиндонҳои кишвар назар ба солҳои гузашта ва бо афзоиши маблағгузорӣ беҳтар шудааст, вале айни замон ба гуфтаи онҳо зиндон "ҷойи истироҳат нест".

Лентаи хабарҳо
0