Пас аз 20 рӯз сарбози латукӯбшудаи ВМ аз ҷояш бархест

© Sputnik / Петр ЯсеневАсобағал. Акс аз бойгонӣ
Асобағал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ то замони шифо ёфтанаш дар бемористон мемонад.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Пас аз 20 рӯз Баҳриддин Насриддинов, сарбози қисми зудамали низомии Вазорати мудофиа, ки аз ҷониби ҳамхизмати худ латукӯб ва баъдан ҷарроҳӣ шуд, ба по хеста ва роҳ меравад, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Қутфиддин Насриддинов, падари Баҳриддин аснои сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки вазъи писараш беҳтар шуда, аллакай роҳ мегардад.

Таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: сарбоз як моҳ қабл аз мураххас шуданаш латукӯб шудааст

"Ҳарчанд қарор аст, ки Баҳриддинро ба бемористони низомӣ интиқол бидиҳанд, аммо дар сӯҳбат бо пизишкон ба ин расидем, ки то пурра шифо ёфтанаш, дар бемористони Қарияи Боло таҳти муолиҷа бимонад",- иброз доштааст падари сарбоз.

Вай гуфт, ки эҳтимол дорад, Баҳриддин  муддати як ҳафтаи дигар дар бемористон бимонад ва баъдан ӯро барои идомаи табобат ба Хуҷанд баранд, то дар маркази реабилитасионӣ муолиҷа шавад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин вазорат тамоми хароҷоти табобати сарбоз Баҳриддин Насриддиновро бар дӯш гирифтааст.

"Аз рӯзи сар задани ҳодиса раҳбарияти қисми низомӣ ва вазорати мудофиа тамоми талошро ба роҳ мондааст, то сарбоз Баҳриддин Насриддинов, ҳар чӣ зудтар шифо ёбад. Ин аст, ки то кунун ҳама хароҷоти табобат, аз ҷумла ҷарроҳии вай аз ҷониби вазорати дифоъ пардохт шудааст",- афзудааст Ҷамшед Талбаков, муовини фармондеҳи қисми низомӣ.

"Дар ҳоли ҳозир сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб карда буд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он аз ҷониби додситонии низомии шаҳри Душанбе ҷараён дорад",- илова кардааст ӯ.

Ҳодисаи латтукӯби Баҳриддин Насриддинов рӯзи 6-уми март иттифоқ афтода буд. Ба гуфтаи муфаттиш ва волидайни ӯ, субҳи ҳамон рӯз дар ошхонаи қисми низомӣ миёни Баҳриддин ва сарбоз Пӯлодов, ки то ҳол номаш ошкор намешавад, хархаша ба миён омада ва баъдан мавриди лату куб қарор гирифтааст. Ташхис мушаххас кардааст, ки дар пайи ин ҳодиса устухони косахонаи сари Баҳриддин шикастааст ва пизишкони Беморхонаи Қарияи Боло ин сарбозро ҷарроҳӣ карданд. 

Лентаи хабарҳо
0