01:01 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Сайёҳон дар Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои тамошобоб барои сайёҳон шомил шуд

© Flickr/ stefan_fotos
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар рӯйхати кишварҳои ИДМ, ки русҳо аз онҳо бештар дидан мекунанд, Тоҷикистон мақоми нӯҳумро ишғол кардааст. Пешсафиро дар ин феҳраст Беларус аз даст намедиҳад, аз ин ҷумҳури ҳудуди беш аз 40% сайёҳони Русия дидан намудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Кишварҳои узви ИДМ ва шаҳрҳое, ки таваҷҷӯҳи бештари сайҳони Русияро ба худ ҷалб мекунанд, муайян шуданд, менависад Today.kz бо истинод ба торнамои Oktogo.ru.

Тоҷикистон дар ин феҳраст мақоми нӯҳумро миёни кишварҳои серсайҳи ИДМ соҳиб гардидааст. Дар ҷойи аввал- Беларус, баъдан Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ӯзбакистон, Малдова ва Қирғизистон қарор доранд.

Шохис (рейтинг)-и мазкур тибқи дархости қаблии ҷой барои меҳмонони Русия дар меҳмонхонаҳо тартиб ёфтааст.

Ба иттилоъи расида, сайёҳони рус дар соли 2015 ба Беларус 40%, Украина-17%, Қазоқистон- 14%, Озарбойҷон-10% Ӯзбакистон- 5%, Малдова- 3%, Қирғизистон-2% ва Тоҷикистон- 1% таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

"Шурӯъ аз аввали соли 2015 сайёҳони Русия ба ҳисоби миёна ба кишварҳои ИДМ ба муддати севу ним рӯз сафар карда, ҳар рӯз дар меҳмонхонаҳо 4,5 ҳазор рубл (бештар аз 80 доллар) сарф кардаанд".

Сайёҳон миёни шаҳрҳои ИДМ бештар аз ҳама дар Тошканд (ба муддати панҷ рӯз) ва камтар аз ҳама дар Брест (якуним рӯз) мондаанд.

Ҳамзамон, барои русҳо шаҳри аз ҳама қиматтарин Остона, пойтахти Қазоқистон маҳсуб ёфта, Витебск- пойтахти фарҳангии Беларус камхарҷтарин нуқта арзёбӣ гардидааст. Дар Остона хароҷоти миёнаи шаҳрвандони Русия дар як рӯз ба $138 ва дар Витебск ба $61 баробар будааст.

Барчаспҳо:
ҷаҳонгардӣ, туризм, таваҷҷӯҳи хоса ба Тоҷикистон, сайёҳони рус, сайёҳон, ИДМ, Остона, Витебск, Қирғизистон, Беларус, Тошканд, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ