02:03 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои Ил-76. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Непал ба Русия интиқол шуданд

© Sputnik / Владимир Баранов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия 128 тан аз шаҳрвандони 7 кишварро аз Непал берун овардаанд, ки дар миёни онҳо тоҷикон низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ду ҳавопаймои навъи "ИЛ —76"-и Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия 29 апрел 128 нафар аз шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Латвия, Украина ва Исроилро аз Непал берун оварданд, менависад РИА Новости.

Расона хабар намедиҳад, ки чи теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Непал тавассути ҳавопаймоҳои русӣ берун оварда шудаанд.

Ин ҳавопаймоҳо аз Русия ба Непал кӯмакҳои башарӣ ва ҳамчунин ҳудуди 100 табиб ва мутахассиси русро интиқол додааст, то дар амалиёти наҷоти курбониёни заминларзаи харобиовари 25 апрел ширкат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки бар асоси иттилои онҳо, 18 шаҳрванди кишвар дар Непал қарор дорад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрел дар робита ба вазъи шаҳрвандони кишвар дар Непал баёнияи расмӣ нашр кард ва аз онҳо хост, эҳтиёткор бошанд. Вазорат гуфт, ҳоло сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд ва бо онҳо дар тамосанд.

Теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ дар Непал аз 4000 нафар гузаштааст ва айни замон муассисаҳои хайрия ба амалиёти густардаи имдодӣ дар ин кишвар омода мешаванд.

Ба ҷуз аз қурбоншудаҳо, теъдоди бештар аз 7 ҳазор нафари дигар дар ин кишвар захм бардоштааст. Заминларзаи 7.8 дараҷаии рӯзи 25 апрел мудҳиштарин заминларзаи 80 соли ахир дар Непал унвон мешавад.

Барчаспҳо:
мудҳиштарин, 7.8 бал, қурбонӣ, харобӣ, зилзила, шаҳрвандони Тоҷикистон, интиқол, МЧС Русия, Катманду, Непал, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ