Шаҳрдории пойтахт мехоҳад тиҷорати хиёбониро манъ созад

© Sputnik / Амир ИсаевДар бозори "Шоҳмансур". Акс аз бойгонӣ
Дар бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи шаҳрдории пойтахт масоили кӯч додани нуқоти фурӯши асал, хушкмева, маводди сохтмонӣ ва либос аз бозори “Шоҳмансур” ба маркази тиҷоратии “Пойтахт-90” ва ба бозорҳои дигари Душанбе баррасӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Шаҳрдории пойтахт қасд дорад тиҷоратӣ хиёбониро манъ карда роҳи ҳалли анбӯҳи мошинҳо дар ҷоддаҳоро пайдо кунад, хабар медиҳад маркази матбуъотии шаҳрдорӣ.

Бад ин манзур рӯзи шанбеи гузашта шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақомоти зирабт ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ин ҷаласа масоили кӯч додани нуқоти фурӯши асал, хушкмева, маводди сохтмонӣ ва либос аз бозори "Шоҳмансур" ба маркази тиҷоратии "Пойтахт-90" ва бозорҳои дигар шаҳр баррасӣ шуданд. Убайдуллоев ба муовини худ Шӯҳрат Мақсудзода дастур дод, ки дар тӯли ду рӯз ҳамаи "кӯчдодашудагонро" бо ҷойи фурӯши нав таъмин созад.

Ба ҷуз аз ин, раиси шаҳрд дархост кард, ки нақшаи роҳҳои васоили нақлияи мусофирбар то ба маркази тиҷоратии "Пойтахт-90" таҳия карда шавад. Ҳамчунин вай дастур дод, ки қонунӣ будани сохтмони фурӯшгоҳҳо дар бозори "Шоҳмансур" таҳқиқ шавад.

Лентаи хабарҳо
0