Дар Тоҷикистон 30 рӯзи ҷавонон оғоз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевҶавонон дар хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ҷавонон дар хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи маъмулии Ҷавонон дар Тоҷикистонро тасмим шудааст ба моҳи баргузории тадорукоти мухталиф, озмунҳо ва санҷишот табдил бидиҳанд, ки ҳадафи аслиаш тарбияи ватандӯстии сокинони навраси кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Маросими оғози 30 рӯзи ҷавонон, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи шанбе дар боғи "Ирам" баргузор шуд, менависад хабаргузории "Ховар".

Дар тӯли як моҳ зери шиори "Ҷавонон — идомаи аҳдофи олии кишвар" баргузории тадорукоти фарҳангиву тафреҳӣ, варзишӣ, мулоқот бо сокинони ҷавон, озмунҳо ва санҷишот дар назар аст.

Раҳмон гуфт, 80 дарсади хатмкунандагон ба кор таъмин мешаванд

"Ҷавонон дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор доранд ва қадам ба қадам онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мешаванд", — гуфт дар маросими ифтитоҳ раҳбари Комитети кор оид ба ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ Аҳтам Абдуллозода.

Вай ҷавононро ба ватандӯстӣ ва ба ифтихори миллӣ даъват кард.

Дар чаҳорчӯби ин маросим иқдоми "Биёед китоб мехонем" сурат гирифт ва дар ҷараёни он ба ҳозирин беш аз 1000 дона китоби бадеъии мухталиф тавзеъ шуд.

Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамасола 23 май таҷлил мешавад. Маъмулан дар остонаи ин рӯз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дидор карда ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим мекунад.

Лентаи хабарҳо
0