00:54 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Тақсими оши палав. Акс аз бойгонӣ

Дар Хуҷанд беҳтарин пазандаи хӯрокҳои миллиро муайян карданд

© Sputnik / Павел Лисицын
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ғолиби сабқати таомпазӣ барои дарёфти унвони беҳтарин таббохи миллӣ як бонуи хонанишин гардид. Хӯрокҳои тайёркардаи ӯ аз ҷониби доварон баҳои баландро сазовор шуданд.

 ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар Хуҷанд Саодат Турсуноваи 29-сола, як сокини маҳаллии хонанишин барандаи унвони беҳтарин пазандаи ғизоҳои миллӣ эътироф шуд, менависад ОИ Авеста.

Ин чорабинӣ бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли оила баргузор гардид.

Бонувони соҳиби касбу кори мухталиф ва мақомҳои гуногун хӯрокҳои якуму дуюм ва шириниҳои миллӣ омода карданд.

Доварон ба маҳорати пазандагии Саодат Турсуноваи 29-сола, як сокини маҳаллии хонанишин баҳои баланд гузошта, ӯро барандаи сабқати таббохон эълом доштанд.

Ба ғолиб ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.  

 

Барчаспҳо:
чорабинӣ бахшида ба Соли оила, сабқати хӯрокпазӣ, мусобиқаи пазандагӣ, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Саодат Турсунова, Суғд, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ