02:50 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Акбаралӣ Сатторов. Акс аз бойгонӣ

Ёдбуди Акбари Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Дар маҳфиле, ки ба поси хотири Акбари Саттор дар Душанбе барпо шуд, рӯзноманигорон пешниҳод кардаанд, ки нимпайкараи вай дар назди бинои “Шарқи Озод” барпо шавад.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Маҳфули ёдбуди Акбари Саттор бо ибтикори журналистони тоҷик 8-уми сентябр дар Душанбе баргузор гардид, менависад хабаргузории "Озодагон".

Зимни ин ҳамоиш, ки дар толори Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод" барпо шуд, барои поси хотири марҳум Акбари Саттор пешниҳод шуд, ки як кӯча дар Душанбе, мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи ӯ гузошта шаванд ва  нимапайкарааш дар назди "Шарқи Озод" бунёд гардад.

Инчунин пешниҳод гардид, ки ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис дода шавад. Журналист Шарифи Ҳамдампур даъват кард, ки деҳаи Мортеппа-зодгоҳи Акбари Саттор "Акбаробод" номгузорӣ шавад.

Ин пешниҳодҳо барои поси хотири Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳолеянд, ки қалби ӯ рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз монда буд. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад.

Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи "Садои Мардум" оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи "Дайджес пресс" рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.

Мавзуъ

Акбаралӣ Сатторов: Матбуоти тоҷик рисолати касбияшро иҷро менамояд
Барчаспҳо:
мактаб, кӯча, номгузорӣ, ёдбуд, нимпайкара, маҳфил, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Акбари Саттор, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ