Парлумони ҶТ соҳиби бинои нав мешавад: дар рӯбарӯи “Боғи Рӯдакӣ”

© SputnikПарлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти сармеъмори шаҳри Душанбе, тибқи нақшаи генералии пойтахт, тахриби бинои парлумон дар назар гирифта нашудааст. Барои қонуннависон дар рӯбарӯӣ “Боғи Рӯдакӣ” бинои муосир эҳдос хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бинои парлумон тахриб карда намешавад, балки соҳиби бинои нав мегардад, иброз дошт сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев аснои сӯҳбат бо Sputnik.

"Нақшаи генералии пойтахт тахриб ва вайрон кардани бинои парлумонро дар назар надорад, баръакс бинои нав дар рӯбарӯи боғи Рӯдакӣ бунёд мешавад",- қайд кард ӯ.

Яке аз қадимтарин кинотеатрҳои Тоҷикистон дар Душанбе тахриб мешавад

Қаблан расонаҳо навиштанд, ки дар пойтахт 6 иншоот, аз ҷумла биноҳои парлумон, дастгоҳи иҷроияи президент, ҳукумати шаҳри Душанбе, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский, инчунин чойхонаи "Роҳат" кӯчонида мешаванд.

Ҳамзамон Файзуллоев афзуд, барои дақиқ кардани иттилоъ дар бораи тахриби иншооти дигар бояд ба Кумитаи сохтмон ва меъморӣ муроҷиат кард, зеро онҳо ба баррасии ин масъала машғул мебошанд.

Ба қавли ӯ, дар ҷойи ҳозираи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, театри Лоҳутӣ ва театри Маяковский, яъне дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, ҳамшафат бо хиёбони Рӯдакӣ бунёди идораи ҳукумати шаҳри Душанбе дар назар аст.  

Лентаи хабарҳо
0