08:30 27 июни 2017
Пахши мустақим
Нақлиёти мусофирбар дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ронандаи 4-солаи "Хундай-Старекс" бародари 1-солаашро пахш кардааст

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дар давоми рӯзи шанбеи гузашта дар ноҳияи Рӯдакӣ ду садамаи маргбор ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи онҳо ду нафар ҷон додаанд.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бародарзодаи 4-солаи ронандаи "Хундай-Старекс" бародари 1-солаи худро дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст, менависад дафтари матбуоти ВКД.

Сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ автомошинаи "Хундай-Старекс"-ро дар назди манзили зисташ бидуни назорат мондааст.

"Баъдан ҷияни хурдсоли ӯ, писарбачаи 4-сола, ба дохили автомашина даромада, муҳаррики онро ба ҳаракат дароварда, бародари хурдсолаш, писарбачаи 1-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — афзудааст манбаъ.

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётии дигар ҳам дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи шанбеи гузашта як марди 57-сола ба ҳалокат расидааст. Тибқи иттилои манбаъ, Ӯ зери чархи мошини "Лабо" мондааст.

Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, ки пиёдагард дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ҷон дод.

Барчаспҳо:
"Хендай-Старекс", "Лабо", шанбе, Рӯдакӣ, ҷон, маргбор, садама, нақлиёт, сокин, ҳалокат, ронанда, ноҳия, ВКД, садамаи нақлиётии маргбор, ВКД, Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ