Хуҷанд: хонаи ақди никоҳ бунёд мегардад

© Администрация г. Худжанд. Лоиҳаи таҷдиди шаҳри Хуҷанд
Лоиҳаи таҷдиди шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди ин иншоот дар соли оила ва рушди фарҳанг рамзӣ буда, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд зебоии нав зам мекунанд.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ба пешвози ҷашни 25- солагии Истиқлоли кишвар раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.

Бунёди ин иншоот дар соли оила ва рушди фарҳанг рамзӣ буда, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунанд.

Оғози фаъолияти корхонаи “Арча” ва зеристгоҳи “Ваҳдат” дар Хуҷанд

Ин марказ дар соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон мавриди  истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг туҳфаи арзанда хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадратӣ ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консертӣ барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бинои мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0