Қарори №483-1-и Убайдуллоев: манъи ҷудо кардани замин барои сохтмон

© Sputnik / Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати шаҳри Душанбе то замони тасвиби таҳрири нави Нақшаи генералӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои баландошёнаро мутаваққиф месозад.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо судури як қарор ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахти Тоҷикистонро ҳам барои шахсони алоҳида ва ҳам барои ширкатҳои сохтмонӣ муваққатан манъ кард.

"То анҷоми  тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ, баррасии дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин, иҷозати сохтмони иншоот ва иншоотҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ мавқуф гузошта шавад",- омадааст дар қарори марбута, ки онро раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расонидааст.

Вокуниши шадиди корбарони Фейсбук ба тахриби биноҳои таърихии Душанбе

Ба иттилоъи расида, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои баландошёна то замони таҳия ва тасвиби таҳрири нави Нақшаи генералӣ мавқуф гузошта мешавад.

"Таҳрири нави Нақшаи генералӣ таҳия шудааст ва ҳоло дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои нав ба биноҳое, ки дар чорчӯби Нақшаи генералии кунунӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Нодира, Говоров 4, Айнӣ, Дониш ва Титов анҷом мешаванд, ва ҳамин тавр, ба сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дахл надорад",- менависанд расонаҳо бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон, раиси шаҳри Душанбе ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт амр додааст, то лоиҳаи тасҳеҳшудаи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо омода кунад. Дар қарор аз ин идора хоста шудааст, бо ҳамроҳ бо корхонаҳое, чун идораҳои обу корез ва газу барқи Душанбе, ҳамчунин бо шабакаи гармидиҳӣ ва раёсати сохтмони роҳу кӯпрукҳо рӯи "тасҳеҳ"и нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон кор кунанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Нақшаи генералии рушди Душанбе соли 1983 таҳия шуда, таҳрири охиринаш дар соли 2006 омода гардида буд.

 

Лентаи хабарҳо
0