Раҳмон қонуни баҳсбарангез дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро имзо кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонид.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" —ро ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Ба иттилои манбаъ, ин қонунҳо қаблан аз тарафи аъзои Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст.

"Инчунин қонунҳои "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", "Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок" имзо шуданд", — навиштааст сомонаи мазкур.

Пулис риояи муқаррароти муҳоҷиратро бозрасӣ мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имзои қонун дар бораи ҷаримаҳои интисоби муҳоҷирони бидуни тахассус

Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" барои ба таври илова танзим намудани фаъолияти адвокатӣ қабул гардида, ба гуфтаи мақомоти кишвар, гӯиё он ба хотири "баланд бардоштани масъулияти адвокатҳо, ҷалби кадрҳои баландихтисос ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ, пешгирӣ кардани ҳар гуна қонуншиканиҳо дар фаъолияти адвокатӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии босифат, ҳифзу ҳимояи бештари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати ташкилоту идораҳо" равона карда шудааст.

Имзои "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" аз сӯи раиси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан 92 созмон ва ташкилоти ғайридавлатӣ, аз ҷумла Amnesty International, Ҷунбиши умумиҷаҳонӣ барои демократия, Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва қонунмандӣ (Тоҷикистон), Бунёди байналмиллалии "Мемориал" (Русия), БҶ "Нотабене"(Тоҷикистон), Бунёди ҳуқуқи инсони Хелсинки (Полша), Маркази озодиҳои шаҳрвандон (Украина), Маркази ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон), АМВАО (Тоҷикистон) ва Маркази мустақили ҳуқуқи инсон (ҶТ) бо нашрия як баёнияи муштарак аз ҳукумати кишвар тақозо карданд, ки ба тарҳи қонун дар бораи маҳдудияти маблағгузории СҒД-ҳо ислоҳот ворид насозад.

Намояндагони СҒД мегӯянд, ибтикори Вазорати адлия дар мавриди ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки танзим ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба грантҳои хориҷӣ барои созмонҳои ғайридавлатиро дар назар дорад, муғойир ба қонунгузории байналмилалӣ мебошад ва ба фаъолияти баъдии СҒД-ҳо дар ҶТ хатар дорад.

Ин баёнияи муштараки созмонҳои ғайридавлатӣ ва нигаронии онҳо замоне расонаӣ шуд, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро рӯи даст гирифт, ки ҳоло бар асоси он, дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳо ё кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ маҳдуд гардид. Тибқи ин қонун, дарёфти грантҳо аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати кишвар дода хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 2 ҳазору 800 созмонҳои мухталифи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Лентаи хабарҳо
0