00:58 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Бозичаҳои пластмассӣ

Пушти шумо сафед аст, ё ман чӣ тавр рӯзи “Аблаҳон”-ро сипарӣ кардам

© Flickr/ Pascal
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Рӯзи якуми моҳи апрел- баҳонаи анъанавӣ барои ҳар гуна шӯхиҳо аст. Чи гуна будани шӯхиҳо аз шӯхтабиатии ҳар кас вобаста аст.

Рӯзам бо нӯшидани як пиёлаи қаҳваи гарм, ки писарам овард, шурӯъ шуд. Аз сабаби он ки қаҳватайёркунии ӯро ман дар хотир надорам (то ин муддат ӯ ягон маротиба корро анҷом надода буд), ман дарҳол пай бурдам, ин кор ғайриоддӣ менамояд. Аз қаҳва каме чашидаму фаҳмидам, ки-  гумонам хато набудааст. Ба ҷои шакар ба қаҳва писарам сиркои лимуро илова кардааст.

— Олӣ ва аз ҳама муҳимаш, бисёр шӯхии хуб писарам, фикри худат буд?— лабханд кардам ман.

— Якуми апрел, ба ҳеч кас бовар накун! —ханда кард писарбача.

— Шӯхтабиатии ту бо донистани забони русиат баробар аст,- қарзро аз гардан соқит карда ба маросими субҳгоҳӣ пардохтам (шустушӯ, тоза кардани дандонҳо, наҳорӣ бо қаҳваи хуб).

Худро омода намудаму ба назди мошин рафта, калидро тофтам, вале калид дар ними роҳ монд. Аккамулятори ду моҳ пеш харидаам, маккорона табассум намуду, фаҳмониданӣ буд, ки имрӯз нақшаҳои дигар дорад.

Маҷбур шудам ба истгоҳи мусофирбар равам. Табъам оҳиста оҳиста хира шудан гирифт.

Ба дохили нақлиёт даромада, ба писарбача-хазинадор як сомонӣ дароз кардам.

— Амак шумо чӣ намедонед, нархи роҳкиро аз дер боз ду сомонӣ,- ҷинҷ шуд кассири хурд.

"Ту ҳамон тавре, ки Гертсен аз декабристон дур аст аз мардум дурӣ", —гуфтам худ ба худ ва як сомонии дигар дароз кардам.

Ба корхона даромада, об гирифтам ва ба назди мизи кориям рафтам. Вале ҳоло ба кор шурӯъ накарда будам, ки ба наздам сармуҳаррир бо хандаи шубҳанокаш наздик шуд.

— Гӯш кун, ҳама машғуланд, имрӯз бошад, якуми апрел, ягон мақола навис, ки шавқовар бошад, —гуфт ӯ маро вазифадор карда.

— Аз Худо битарс, Максим, ман ҳоло видеои конфронси "нерӯи барқи сабз"-ро банду баст накардаам, таҳлил дар бораи Афғонистонро ба анҷом нарасонидаам ва умуман кори зиёд дорам,- танбалӣ нишон дода, мехостам халос шавам.

— Ман бошам туро аз мукофотпулӣ маҳрум месозам, аблаҳ ту, гуфт ӯ, —Леонов-Досентро аз "Ҷанобони бобарор"- нусхабардорӣ карда.

— Ёрӣ диҳед, бекорхӯҷаҳо маро аз мукофотпулӣ маҳрум мекунанд, —фарёд кардам ман дар ҳуҷраи холӣ, сармуҳаррир ба куҷое ғайб зад.

Нафаси чуқур гирифта, клавиатураро ба пеши худ кашидам ва илҳоми мақоланивисиро интизор шудам. Вале Илҳомам  барои омаданаш маблағи калон талаб карда, ба зудӣ намеомад. Ман ба ёд овардам, ки ширинӣ фаъолияти фикррониро хуб мекунад ва ба ошхона  рафтам.

Даромадгоҳи "бизнес-сенр" маро бо навиштаҷоти "лифт кор намекунад"  пешвоз гирифт.  То ошёнаи ҳафтум пиёда баромадам. Ошпазбону ҳоли маро дида, бо ширинӣ ба ман шарбати афлесун пешниҳод кард.

Каме қувват гирифтаму ангуштонам низ ба кор даромаданд. Қарор додам бори дигар лифтро санҷам. Оҳистаяк тугмачаи лифтро пахш кардам, "мӯъҷиза" кор кард. Баъдтар маълум шуд,ки гурӯҳи "харобкорон"  дар дари лифтҳо  навиштаҷоти "кор намекунад"-ро овехтаанд, ҳамаро аҳмақ карда.

Ҳангоми баргаштан ба назди мизи кориям ман оҳ кашида гуфтам, "оҳ Максим Иванович, шумо ку кӯдак нестед…"

Дар давоми рӯз мавҷи шӯхиҳо бар сарам чун борон мерехтанд.

Хоҳарам занг зада гуфт, ки ба ҷони Обама дар давраи маъракаи интихоботӣ қасд кардаанд. Ба ҷавоби ман, ки Барак аллакай ду марҳилаи президантиашро аз сар гузаронид, ӯ гӯшии телефонро норозиёна гузошт.

Баъди ин ҳодиса тавассути скайп шавҳари хоҳарам бо ман сӯҳбат карда, маро бовар мекунонд, ки аз Чин занг мезанад. Расми каҷу килеби Пекини аз ақибаш монда, суханҳои ӯро рад мекард.

Ҳамкоронам, ки аз иҷрои вазифа баргаштанд, ҳиссаи худро гузоштанд. Онҳо мекӯшиданд бо шӯхиҳояшон яке бар дигаре бартарӣ дошта бошанд, аммо ман маъқул мекардаму рейтинги шӯхиҳои беҳтаринро месохтам. То ҳол сармуҳаррир бо тугмачааш, ки дар хоҷагӣ ба кор меомад, бартарӣ дошт.

Ҳамаи ҳодисаҳоро ба қалам додаму бо виҷдони пок мақоларо супурдам. Баъди чанд дақиқа ба ман смс-паёмак омад. Бонк аз гузаштани маблағ ба суратҳисобам хабар медод. Боз шӯхӣ? Аз Максим бояд пурсам.

— Ҳа шумое, сардорррр, хеле оперативӣ, ман ку нав мақоларо супурдам ва худи ҳамин замон муофотпулӣ!

— Ман не, директор аллакай ҳафтаи гузашта мукофотпулиҳоро дода буд ва ҳисобдор имрӯз онҳоро гузаронид, ҷавоб дод ӯ.

Корро ба анҷом расонидаму ҳодисаҳои рӯзро ба ёд оварда, ба нақлиёт даромадам. Нархи роҳкиро ҳамоно як сомонӣ будааст ва боло ҳам нарафтааст. Аз нақлиёт баромадам ва дар истгоҳ хандаи баланди кӯдакеро шунидам, ки бо ангушташ ба қафоям нишон дода мегуфт: "Пушти шумо сафед аст", —ман Илфа ва Петрови бемаргро ба ёд овардам, вале болопӯшамро кашида нигоҳ кардам. Дар қафои болопӯшам  навиштаҷоти "Маро бизан" ҳакокӣ шуда буд.

Барчаспҳо:
фикр, мақола, рӯз, ханда, андеша, назар, Рӯзи "Аблаҳон", Рӯзи ханда, Максим Иванович, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ