17:28 24 феврали 2017
Пахши мустақим
Ситуация с мигрантами в Гамбурге

Назарсанҷӣ: ВАО маълумоти нокомили ҷиноёти муҳоҷиринро нашр мекунад

© Sputnik / Екатерина Соловьева
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
3310

Натиҷаҳои тадқиқот огоҳии баланди аврупоиҳоро вобаста ба ин масъала нишон медиҳад: танҳо 7% олмониҳо, 16% фаронсавиҳо ва 18%-и шаҳрвандони Британия дар посух додан танқисӣ кашиданд.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Мувофиқи маълумоти назарсанҷии Sputnik.Мнения, аксари шаҳрвандони Олмон (68%), Фаронса (67%) ва қариб нисфи шаҳрвандони Британияи Кабир (46%) ба ин назаранд, ки маълумоти аз ҷониби ВАО ва ҳокимияти кишварҳояшон дар бораи ҷиноятҳои муҳоҷирон пешниҳодшуда шаффоф нест. Маълумотҳо дар натиҷаи назарсанҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои тадқиқотии Populus ва Ifop барои  хабаргузорӣ ва радиои Sputnik  таҳия шудаанд.

Шаҳрвандони Фаронса-17%  нисбати дигар кишварҳо ба ВАО ва маълумоти ҳокимият дар бораи ҷиноятҳои муҳоҷирон камтар эътимод доранд. Дар Олмон ин нишондод баландтар (25%) буда, дар Британияи Кабир 36%-и шаҳрвандон ба маълумоти нашршудаи ВАО дар бораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда боварӣ доранд.

Натиҷаҳои тадқиқот огоҳии баланди аврупоиҳоро вобаста ба ин масъала нишон медиҳад: танҳо 7% олмониҳо, 16% фаронсавиҳо ва 18%-и шаҳрвандони Британия дар посух додан танқисӣ кашиданд.

Дар Британияи Кабир ва Олмон назарсанҷӣ аз ҷониби созмони Populus аз 3 то 4-уми феврали соли 2016 гузаронида шуд. Дар назарсанҷӣ 3556 ҷавобгӯянда, дар Британия 1047 нафар, дар Олмон 1010  нафар иштирок карданд. Дар Фаронса бошад, пурсиш бо ибтикори ташкилоти тадқиқотии IFop аз 3 то 5-феврал гузаронида шуд. Дар назарсанҷӣ 1499  нафар ширкат доштанд. Пурсишнома шаҳрвандонро аз рӯи ҷинс, синну сол ва мавқеъи ҷуғрофӣ ҷудо мекунад.

Sputnik.Мнения
Sputnik.Мнения

Маълумот дар бораи лоиҳаи  Sputnik.Мнения. Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба  масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои  Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.