Шӯрои СММ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон муҳокима мекунад

© Sputnik / Сергей ГунеевБинои СММ дар Ню-Йорк. Акс аз богйонӣ
Бинои СММ дар Ню-Йорк. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар иҷлосия тавсияҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи вазъи ҳуқуқи инсон , ки Тоҷикистон онро моҳи майи ҳамин сол ба даст овардаст, баррасӣ карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар иҷлосияи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзи сешанбе дар Женева оғоз мегардад вазъи риоя гаштани ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд, хабар медиҳанд аз Маркази ахбори СММ.

Оқибати омадани сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СММ ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ кӯмак кард

"Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, ки дар рафти иҷлосия маърӯзаи хешро дар бораи риоя гаштани ҳуқуқи инсон пешниҳод мекунад, дохил мешавад",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар иҷлосия тавсияҳо дар беҳтар намудани вазъи соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон моҳи майи ҳамин сол онро ба даст овардааст, баррасӣ карда мешавад.  Чорабинӣ то санаи 30-уми сентябр давом меёбад.

Санаи шашуми майи ҳамин сол ҳайъати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи корҳои беҳтар намудани ҳуқуқи инсон аз солҳои 2010 то 2015 ҳисобот додааст.

Дар рафти дида баромадани ҳисоботи даврии таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон мавзӯъҳои муносибати бераҳмона бо маҳкумшудагон, поймол кардани ҳуқуқҳои занон, маъюбон, намояндагони аққалияти ҷинсӣ, мавқеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ боло карда шуданд. Аз 203 тавсияҳо, ки аз тарафи СММ пешбинӣ карда шудааст, ҳайъати тоҷикӣ 119-тои онро қабул карданд.

Аз ҷумла тавсияҳои аз тарафи Тоҷикистон қабул гардида: пурра бекор намудани ҳукми қатл дар кишвар(аз соли 2004 дар Тоҷикистон мароторияи ҳукми қатл ҷорӣ карда шудааст);  оид ба масъалаи истифодаи шиканҷа ва ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон ба протаколи иловагӣ(факултативӣ) ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон; баланд намудани нақши занон дар ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, бартарафсозии хушунати хонаводагӣ ва камбизоатӣ  дар кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0