06:30 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ҷамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ

Дар Узбакистон меҳнати маҷбурӣ ва пахтачинии кӯдакон манъ шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Вазорати меҳнати кишвар меҳнати маҷбурии кӯдаконро тзимни пахтачинӣ манъ кард. Барои меъёрҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Узбакистон дар бораи манъи истифодаи меҳнати маҷбурии кӯдакон ҳангоми пахтачинӣ ёдовар шуд.

Да Ҷумҳурии Узбакистон конвенсияи Ташкилоти байналмиллии меҳнат "Дар бораи меҳнати маҷбурӣ" ва "Дар бораи барҳам додани кори маҷбурӣ" (№105), "Дар бораи синну соли ҳадди ақал барои кор" ва "Дар бораи манъ кардан ва қабули меъёрҳои зарурӣ барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон" ба тасвиб расид.

Моҳҳои январ-августи соли 2016 дар байни мақомотҳои дахлдор, роҳбарият, муаллимон, хонандагони 35 колеҷҳои касбӣ ва 5 литсейҳои академиявии вилояти Самарқанд бо мақсади ҷалб накардани кӯдакони то 18 сола ба меҳнати маҷбурӣ ва пахтачинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ: дар поликлиникаҳо, нуқтаҳои тиббии қишлоқҷоёҳо бо иштироки роҳбарият ва намояндагони ин муассисаҳо 54 дарсҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Айни замон зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошанд. Узбакистон соли 1992-юм аъзои комилҳуқуқи ин созмон гардида, 13 Конвенсияи ТБМ-ро ба тасвиб расонд. Татбиқи меъёрҳои меҳнат яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин созмон ба шумор меравад.

Мавзуъ

Ғаффоров: кодекси меҳнат ба шароити муосир мувофиқ карда шудааст
Барчаспҳо:
конвенсия, меҳнати маҷбурӣ, мавсими пахтачинӣ, Ташкилоти байналмиллалии меҳнат, Вазорати меҳнат, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ