01:08 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Рашт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Рашт бинои нави коллеҷи тиббӣ ва хобгоҳ кушода шуд

© Flickr/ Официальная страница пресс-службы Президента РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои нави коллеҷи тиббӣ ва хобгоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Рашт президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи тиббӣ иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Бинои таълимӣ аз 3 — ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум дароматгоҳ, даҳлез, 4 адад ҳуҷраҳои озмоишӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 адад ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ бунёд гардидааст.

Коллеҷи тиббӣ дорои ошхона бо 60 ҷой, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамзамон дар коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо толори замонавӣ барои 250 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.

Хобгоҳ бошад, аз бинои 3 ошёна бо 138 ҷойи хоб иборат аст. Дар он ҳамаи шароитҳо барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст.

Арзиши лоиҳавии бинои таълимӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, барои илмомӯзии донишҷӯён беҳтарин шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

"Сарвари давлат зимни шиносои ба шароити хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ва бинои таълимӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоят дод",-омадааст дар иттилоия.

Открытие медицинского колледжа в Раштском районе в Таджикистане
Ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Рашт

Бинои хобгоҳ бо синфхонаи компютерӣ, толори хониш, ошхона ва шустушӯйхона муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд,ки харҷномаи иншоот тибқи лоиҳаи кории он маблағи 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ буда, он бо маблағи 5 миллиону 71 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ сохта мавриди истифода дода шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 "Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016" Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2013 сохтмони бинои хобгоҳро оғоз намуда буд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ калиди хона супорид
Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият муборакбод гуфт
Барчаспҳо:
ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ, хобгоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Рашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ