07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Соҳибкорзани сол2016 —ҶоизаиФараҳ-2016

Дар Тоҷикистон соҳибкорзани беҳтаринро интихоб намуданд

© Фото: Официальная страница Премии "Фарах-2016" в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Мақсади асосии озмун- бо иштироки занон рушд бахшидани соҳибкорӣ, занони пешқадамро дастгирӣ намудан ва паҳн намудани таҷрибаи онҳо дар байни соҳибкорони ҷавони кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Ба наздикӣ дар Душанбе озмуни "Соҳибкорзани сол "- "Фараҳ- 2016" ҷамъбаст гардид, хабар медиҳанд ташкилкунандагони озмун дар Facebook.

Мукофоти асосиии озмун- 100 ҳзр сомонӣ мебошад, ки он ба як нафар соҳибкорзан аз ноҳияи Ваҳдат — роҳбари Маркази тиббии "Шафқат" сазовор дониста шуд.

Иштирокдорони соҳаҳои гуногуни тиҷорат ба диққати ҳозирон аз муваффақиятҳои худ нақл намуданд, таҷрибаи комёбии тиҷорати хешро изҳор доштанд ва аз мушкилиҳоеро, ки ҳангоми кор рӯ ба рӯ шуданд, нақл намуданд.

"Фикри баргузор намудани чунин озмунро мо пештар ба нақша гирифта будем",- мегӯяд  Гулбаҳор Махкамова роҳбари раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон(АМЗСТ) ва муаллифи лоиҳаи озмун.

Ӯ қайд кард, ки агар занони Тоҷикистон аз таҷрибаи комёбии соҳибкорзани дигаре огоҳ шаванд, кӯшиш мекунанд,  тиҷорати мустақили хешро низ ташкил диҳанд.

Дар  маросими тантанавор ба ғолибон дар шаш номинатсия мукофотҳо супорида шуданд: Дар "Соҳаи истеҳсолот"- Наргис Шерматова, "Хоҷагии қишлоқ"- Сурайё Боқиева, "Дар доираи хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ"- Манзура Ғафурова, "Дар соҳаи хизматрасонӣ ва хӯроки ҷамъиятӣ"- Шарофат Ғозиева, дар соҳаи "Зебоӣ, мӯд ва дизайн"- Аксиния Пастух ва дар соҳаи "Ташкили тиҷорати нав- старт ап"- Лола Каримова
Озмун мубоширатан аз соли 2012-ум гузаронида мешавад. То имрӯз дар ин чорабинӣ зиёда аз 1000 занони соҳибкор иштирок намуданд. Ҳоло ҳамаи иштирокдорони ин озмун бо ҳам дар робита мешаванд ва аз таҷриба ва муваффақиятҳои  хеш мубодила мекунанд.

Барчаспҳо:
Занони соҳибкор, "Фараҳ-2016", АМЗСТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ