07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Рӯзи парчами миллӣ. Акс аз бойгонӣ

Парчам дар ҳама ҷо: нишонаи ватандӯстӣ ё кӯшиши рӯйпуш кардани мушкилиҳо

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рамзҳои давлатӣ иҷозат доданд, ки шаҳрвандон аз парчами миллӣ истифода баранд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Парлумони кишвар бо қабули тағйиру иловаҳо, доираи истифодаи парчами давлатиро васеъ карданд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд чун рамзи ватандӯстӣ дар хонаҳо ва ҷои кор парчам овезанд. То ин дам овехтани парчам танҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату корхонаҳо, идораҳову муассисаҳои давлатӣ иҷоза дода мешуд.

Чуноне маълум шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон нисбтаи ин навгонӣ муносибати бетарафона доранд. Мавзуна-сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ба фикри ӯ овехтани парчам дар хонаҳо зарурат надорад.

Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Барно бошад, ба ин навгонӣ муносибати мусбат дорад.

"Интихоби ҳар шахс аст, агар нафаре хоҳад парчамро дар утоқаш овезад, бигзор. Ин ягон ҷанбаи манфӣ ҳам надорад, баракс нишони ватандӯстӣ аст",-гуфт ӯ.

Ҳуқуқшиноси машҳури тоҷик, доктори илм ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон-Шокирҷон Ҳакимов бовар дорад, ки то дохил намудани тағйиру иловаҳо барои истифодаи парчам, маҳдудиятҳои аниқ вуҷуд надошт.

"Чунин қонунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии халқ амалӣ мешаванд",-гуфт коршинос.

Вале ба фикри ӯ қабули чунин тағйиру иловаҳо якҷониба набуда, масалан метавонад нишони рӯйпуш намудани баъзе мушкилот бошад.

"Барои аз байн бурдани ватандӯстии қалбакӣ, бояд масъалаҳое чун коорупсия, маҳалчигӣ ва қавмпарастӣ баррасӣ шаванд. Ҳалли ҳамин гуна масъалаҳо метавонад ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири мусбат расонад. Овехтани парчам бошад, танҳо хусусияти қалбакӣ дорад",-изҳор дошт Ҳакимов.

Ӯ аз таҷрибаи ИМА мисол оварда қайд кард, ки дар чунин кишварҳо, мардум бо интихоби худ бидуни ягон тасмим аз ҷониби давлату ҳукумат, дар хонаҳояшон парчамро меовезанд.

"Ба фикри ман зарурат ба дохил кардани чунин тағйиру иловаҳо нест. Ҳисси ватандӯстии ман дар дигар амалҳоям ҳувайдо мегарданд. То даме, ки аз кишвар қисми зиёди шаҳрвандон ба дигар мамолик муҳоҷир мешаванд, ба фикри ман чунин тадбирҳо бе мантиқанд",-хулоса кард коршинос.

Номзади илмҳои таърих и мутахассиси кордони ФР оид ба кишварҳои ИДМ Аждар Куртов бо коршиноси дар боло зикргардида розӣ нашуд. Ӯ мӯътақид аст, ки чунин тадбирҳо танҳо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандонро дорад.

"Пешниҳоди овехтани парчам дар манзилҳои зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз баъзе мушкилоти дохилӣ, ин кӯшиши тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз давлату давлатдории хеш аст. Масалан дар Туркия ин тадбир хеле маъмул аст. Дар он ҷо қариб дар ҳамаи ҷойҳо парчамии давлатӣ овехта шудааст, ки ба кас хурсандӣ мебахшад. Албатта ёфт мешаванд нафароне, ки чунин тадбирҳоро роҳи рӯйпуш крадани мушкилиҳо мепиндоранд, вале ман бо чунин андешаҳо розӣ нестам",-қайд кард Куртов.

Барчаспҳо:
тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ, парлумони Тоҷикистон, Аждар Куртов, Шокирҷон Ҳакимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ