07:56 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Занон ва кӯдакон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ дар ОМ дар ҷои якум аст

© Sputnik / Андрей Стенин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Шурӯъ аз соли 1998 аҳолии Тоҷикистон ҳамасола қариб то 2,1% афзоиш мекунанд. Бо чунин нишондод, эҳтимолан то соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расад.

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати афзоиши сатҳи аҳолӣ дар ҷои аввал меистад, изҳор дошт муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Хайринисо Юсуфӣ.

"Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ  яке аз пешқадамтаринҳо аст, ҳамин тавр дар давоми 15 сол, аҳолии ҷумҳурӣ то 26,3%  зиёд шуд, гуфт Юсуфӣ зимни баромад дар мизи мудаввари минтақавии "Омилҳои демографӣ-рушди инсонӣ ва иқтисодӣ".

Муовини раиси палатаи поёнии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли 2015 аҳолии Тоҷикистон ба 8,37 миллион расид. Ӯ қайд кард, ки шурӯъ аз соли 1998 аҳолии Тоҷикистон ҳамасола қариб то 2,1% афзоиш мекунад.

"Агар чунин раванди рушд идома ёбад, эҳтимолан соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 10,65 миллион нафар мерасад",-гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон 8,551 миллион нафар мебошад.

Юсуфӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон шумораи бештарини аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин метавонад омили асосии паст намудани хароҷоти иҷтимоӣ гардад. Ба қавли ӯ барои ҳар як нафақахӯр 7,4 ҷавон рост меояд.

"Мувофиқи пешгӯиҳо то соли 2030 ҳаҷми бозори меҳнат аз ҳисоби шумораи ҷавонони қобили кор зиёд шуда, пас аз он тамоюли пастравӣ пешгӯӣ мешавад. Чун сатҳи таваллуд кам шудан мегирад ва шумораи ҷавонон кам шуда,шумораи  одамони калонсол (аз 65 боло) зиёд мешавад",-илова кард Юсуфӣ.

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо такя ба нишондодҳои демографӣ  қайд намуд, ки то соли 2025 синну соли миёнаи аҳолии Тоҷикистон 26 сол  шуда, то соли 2035-35 хоҳад шуд.

Мавзуъ

Баъди 40 сол аҳолии Тоҷикистон пурра бо оби тоза таъмин мешаванд
Барчаспҳо:
афзоиши аҳолӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ