13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгони

Мақоми 119-уми Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳ

© Flickr/ Eric Haglund
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии сайёҳӣ (The Travel & Tourism Competitiveness Report) мақоми 119-умро аз худ кард. Аз байни кишварҳои ҳамсоя бошад, Қазоқистон (ҷойи 85) пеш аст.

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Феҳрасти кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон дар ду сол як маротиба аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ бароварда мешавад.

Тоҷикистон дар зинаи 119-ум қарор гирифта, Узбакистону Туркманистон дар рейтинг нишон дода нашудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо гирифтани мақоми 85-ум нишондоди беҳтарин нишон дод. Қирғизистон мақоми 116-умро соҳиб шуд.

Муаллифони рейтинг зимни баҳогузорӣ  14 нишондодро ба назар мегиранд, аз ҷумла: фазои корӣ, амният, инфрасохтори роҳи мошингард ва ҳавоӣ, бойгариҳои табиӣ ва фарҳангӣ, нарх ва қоидаи раводид.

Дар раддабанд 141 кишвар нишон дода шудааст. Дар рӯйхати панҷгонаи аввал Испания, Фаронса, Олмон, ИМА ва Британия ҷой гирифтаанд. Италия дар мақоми 8-ум ҷой гирифта, Юнон дар ҷойи 31-ум аст, Туркия бошад мақоми 44-умро аз худ кардааст. Аз байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама пеш Эстония ҷой гирифтааст (ҷойи 38). Дар охири ейтинги кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон Ангола, Гвинея ва Чад ҷой гирифтаанд.

Русия дар мақоми 45-ум ҷой гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро аз ҷиҳати кишвари амн дар мақоми 76 ҷой доданд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!
Барчаспҳо:
ҷойи 119-уми Тоҷикистон, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ