13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Сурати зан дар оина. Акс аз бойгонӣ

Дар АМА мард зани худро бе рангу бор дида аз ӯ ҷудо шуд

© Flickr/ DualD FlipFlop
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2210

Марди мусалмон огоҳӣ пайдо кардааст, ки дӯстдоштаи ӯ чандин борҳо амалиёти ҷарроҳии пластикӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шаҳрванди Аморати Муттаҳидаи Араб бори аввал ҳамсари худро бидуни рангу бор дида, мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Metro.

Мувофиқи маълумот зан зимни истироҳат дар шаҳри Шарҷаи АМА рангу бори рӯи худро бо об шуста, марди 24-сола тағйироти рӯи завҷаашро дида, қарор додааст, ки "ӯ наонқадар зебо аст".

Баъди чанде шавҳари зан хабар ёфт, ки ҳамсараш чандин маротиба амалиёти ҷарроҳии пластикӣ кардааст. Зиёда аз ин зан аз мижаҳои сунъӣ ва линзаҳо тистифода мекардааст.

Мард худро фирефтаи доми зан эҳсос карда, қарор додааст бо ҳамсараш ҷудо шавад.

Барчаспҳо:
ҷарроҳии сунъӣ, рангу бор, ҷудошавӣ, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ