Аввал диплом баъд оила: Тошканд сабти оилаҳоро бидуни маълумоти олӣ манъ мекунад

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкРамзҳои оиладорӣ. Акс аз бойгонӣ
Рамзҳои оиладорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин меъёр дар робита бо зиёд будани шумораи талоқ миёни оилаҳои ҷавон, ки аксарашон бидуни маълумоти олӣ мебошанд, қабул шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳукумати Тошканд ба ҷавонон қабл аз оиладор шудан гирифтани маълумоти олиро тавсия медиҳанд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар робита бо зиёд будани шумораи талоқ дар байни ҷавонони ҳудуди Узбакистон, ҳокими Тошканд ба муассисаҳои таълимӣ, Сабти ҳолатҳои асноди шаҳрвандӣ ва ҳатто туйхонаҳо тавсияҳо оиди ба қайд нагирифтани никоҳи ҷавонон дар сурати хонандаи мактаб ё литсей будани яке аз ҷонибҳо, равон кардааст.

Зану шавҳар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тошканд ном ва насаби оилаҳои ҷудошуда дар газета навишта мешавад

Қайд мегардад, ки аллакай дар маҳаллаҳо гурӯҳҳои махсус ташкил шуда, ба мардум ва ҷавонон дар бораи оиладор шудан ва уҳдадориҳои оилавӣ маълумот медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар Узбакистон, бештари ҳолатҳои талоқ дар оилаҳои ҷавон, ки аз 9 моҳ то ду сол зиндагӣ мекунанд ба қайд гирифта шудааст. Синну соли ҷавонон ҷудошуда бошад, то 30 сола аст. Дар баробари ин ҳастанд ҷавононе, ки ҳатто мактаби миёнаро низ хатм накардаанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки  минбаъд номи нафаронеро, ки мехоҳанд аз ҳам ҷудо шаванд дар рузномаҳо нашр мегарданд. Меъёрҳои зерин ба хотири кам кардани шумораи талоқ миёни оилаҳои ҷавон қабул карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0