14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Эмкунӣ зидди бемории зуком дар Русия

Кӯдакони тоҷик ба шаҳри Обнински Русия бемории гепатити А оварданд

© Sputnik / Игорь Зарембо
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Дар шаҳри Обнински Русия якчанд ҳолати бемории гепатити А ба қайд гирифта шуд. Сабаби паҳн гардидани ин беморӣ - се кӯдаки аз Тоҷикистон омада шуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik, Сергей Кузнетсов.Ба наздикӣ дар идораи роҳбарияти шаҳри Обнинск маҷлис баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими минтақаъ баррасӣ гардид.

Маҳз дар маҷлис дар бораи кӯдаконе сухан рафт, ки аз пойтахти Тоҷикистон- Душанбе  омада буданд. Се нафар, ки қариб якуним моҳ дар Тоҷикистон монда буданд, ба Русия бо бемории гепатити А баргаштанд.

Дар ин бораи иҷрокунандаи вазифаи сардухтури санитарии шаҳр Татяна Красносветова нақл кард. Ба гуфтаи вай, ин се нафар писарбачча ба боғча мераванд ва падару модарашон ба наздикӣ шаҳрвандӣ гирифтаанд. Дар Тоҷикистон бошанд онҳо дар хонаи наздиконашон монда буданд.

"Вазъият муташанниҷ буд, зеро кӯдакон дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд ва вирус метавонист паҳн шавад. Аммо барои пешгирии ин ҳолат саривақт эмкунӣ гузаронида шуд ва биноро сари вақт бо маҳлули кимёвӣ тоза намуданд. Аммо дар охири ду ҳолати дигар ба қайд гирифта шуд. Бемории Гепатит ба талабаи муассисаи  мактабии № 8 ва ба ҳамшираи санитарӣ гузаштааст. Ҳоло аҳволи онҳо хуб аст ",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Татяна Красносветова.

Ғайр аз ин мутахассисон иброз доштанд, ки эмкунӣ ройгон аст. Дар минтақаъ кӯдакон аз синни 6-солагӣ зидди ин беморӣ сӯзандору карда мешаванд. Заминаи паҳн шудани ин беморӣ дар шаҳр вуҷуд надорад. Вазъият таҳти назорати шахсии раиси шаҳри Обнинск мебошад.

Нишона ва табобати Гепатити А

Бемории гепатити А дар натиҷаи истеъмоли  маҳсулоти ифлос, хӯрока ва об мегузарад. Метавон ҳангоми дар алоқаи бевосита бо бемор будан, аз як табақ истеъмол намудан ва ҳоҷатхонаи умумӣ истифода намудан, ба ин беморӣ гирифтор шуд. Вирус метавонад якчанд соат дар дастон боқӣ монад ва дар хӯрок бошад, дар ҳарорати хонагӣ бештар "зинда мемонад".

Ин беморӣ бештар дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба қайд гирифта мешавад, дар давлатҳои тараққикарда бошад, ба воситаи пешгирӣ ва мубориза метавон бо Гепатити А камтар дучор шуд.

Гепатити А бо баланд шудани ҳарорат дар тӯли аз чор то даҳ рӯз сар мешавад, ғайр аз ин бемадорӣ, гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ ва дард дар мушакҳо ба қайд гирифта мешавад.

Зидди ин беморӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакони аз ду сола эмкунӣ гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
бемории гепатити А, пешгирӣ, кӯдакони тоҷик, Обнинск, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ