03:27 01 майи 2017
Пахши мустақим
Пан Ги Мун Дабири кулли СММ. Акс аз бойгонӣ

Пан Ги Мун низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Имрӯз Дабири кулли СММ Пан Ги Мун Эмомалӣ Раҳмонро бо қабули пешниҳодаш оиди даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матуботи президенти ҶТ.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  "Даҳсолаи байналмилалии амал  "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям".

"Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳает, 2005-2015" мусоидат менамояд",-омадааст дар барқияи шодбошӣ.

Қаблан раиси Маҷмаи умумии СММ Питер Томсон ба президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ равон кард.

Барчаспҳо:
Об барои рушди устувор, 2018-2028, номаи табрикотӣ, Пан Ги Мун, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ