Марат Башаров: бо руҳи модарам сӯҳбат кардам

© SputnikМарат Башаров дар нишасти матбуотӣ
Марат Башаров дар нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Актёри театр ва синамои рус Марат Башаров мегӯяд, ки минбаъда вай дар намоишномаи театрикунонидашудаи “Мероси барбодрафта” нақш меофарад. Филм дар бораи ҳаёти мусулмонони муосир нақл мекунад

"Ба воситаи ин нақш метавон дар бораи ислом маълумоти бештаре дод- ба ман анаҳамин ҷиҳати  намоишнома писанд афтод. Исломро имрӯз на онгунае, ки ҳаст, мефаҳманд",- гуфт ҳунарманд.

Ба гуфтаи вай, ӯ ба ҳамкасбони худ- актёрони мусалмон гуфтан мехоҳад, ки онҳо эътиқоди худро фаромӯш накунанд ва ҳеҷ вақт аз дини худ шарм накунанд.

"Мехоҳам дар шахсияти худ нишон диҳам, ки мусулмон будан- ягон ҷойи шарм нест. Баръакст метавон ифтихор кард. Ман ҳамавақт ифтихор мекардам, мекунам ва хоҳам кард, ки ман мусулмон ва тотор мебошам",- гуфт Башаров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Актёр соли дуввум аст, ки бо Раёсати рӯҳонии мусулмонони Маскав  ва Русия ҳамкорӣ мекунад. Башаров дар сӯҳбат иқрор шуд, ки ҳангоми нақш бозидан дар намоишномаи "Гуфтугӯ бо рӯҳ" бо вай як воқеаи аҷоибе рӯй дод. "Ҳангоми офаридани нақш ман бо модари марҳумам, сӯҳбат кардам. Модарам чанд сол қабл вафот кардааст", гуфт вай.

"Вақте ки ман ин нақшро мебозидам,  ман ҳузури модарамро эҳсос мекардам. Ман ҳис мекардам, ки вай дар назди ман дар саҳна аст ва ба ман кӯмак мекунад. Ман бо тамоми қалбам эҳсос кардам, ки ман бо модарам сӯҳбат кардам. Ба болои ин  ҳодиса танҳо дар намоишнома буд",- мегӯяд Башаров.

Намоиши аввали  "Меъроси барбодрафта" санаи 29-уми январи соли 2017 дар саҳанаи толори консертии Маскав "Крокус сити Холл" ба намоиш гузошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0