14:29 29 майи 2017
Пахши мустақим
Шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Наздиктар ба муҳоҷирон: ифтитоҳи консулгарӣ дар Петербург ва Новосибирск

© Sputnik / Алексей Даничев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5410

Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия дарҳояшонро ба рӯи муҳоҷирон ва корафтодагон боз мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хабаргузории "РИА Новости" ба нақл аз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков гузориш медиҳад ки ҳамакнун тадорукоти роҳандозии кори консулгариҳо баҳсу баррасӣ мешаванд

Ба гуфтаи Вафо Ниятбеков, раҳбари пешини бахши иттилооти ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назризода сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд.

Тоҷикистон пеш аз ин дар Русия ду консулгарӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа дошт, ки аввалиро Сафар Сафаров ва дувумиро Олимхон Шамсов раҳбарӣ мекарданд.

Акнун бо бастани консулгари ифтихорӣ дар Санкт-Петербург, танҳо дар шаҳрҳои Калиниград ва Петрозаводск консулгариҳои ифтихории ВКХ Тоҷикистон амал мекунанд ва ин масъулиятро дар Калиниград Солеҳ Исоев ва дар Петрозаводск Иномҷон Ашрапов бар уҳда доранд.

Мавзуъ

ВКХ ҶҚ: ба боз кардани консулгарӣ дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд
Муқаррароти вуруди муҳоҷирон ба қаламрави Русия бознигарӣ хоҳанд шуд
Ба муҳоҷирон гирифтани иҷозаи истиқомат дар Русия осон мешавад
Коршинос: маорифи ФР бояд ба фарзандони муҳоҷирон кӯмак кунад
Барчаспҳо:
ифтитоҳи консулгарӣ, ВКХ Тоҷикистон, Новосибирск, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ