01:10 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Қирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ

Даҳ хонаводаи қирғиз аз Помир ба Қирғизистон мекӯчанд

© Фото: Пресс-служба Государственной службы миграции
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
42921

Даҳ хонаводаи қирғиз аз Помири Афғонистон ба вилояти Норин кӯчонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Хабарнигори "Sputnik Қирғизистон" аз қавли намояндаи Ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Амонбой Ғойибов гузориш медиҳад, ки ин хонаводаҳоро аз Афғонистон кӯчонда ва дар вилояти Норин ҷобаҷо хоҳанд кард. Ҳазинаи иҷораи манзил барои ин хонаводаҳоро ҳукуматҳои ин ноҳияҳо пардохт хоҳанд кард.

Вай ҳамчунин гуфт, тарҳи кӯчонидани хонаводаҳои қирғиз аз Помири Афғонистонро Девони вазирони Қирғизистон матраҳ карда ва Намояндагии Ҳукумат ва Хадамоти давлатии муҳоҷират онро баррасӣ кардаанд.

Ғойибов афзуд: "Обу ҳавои панҷ ноҳияи вилояти Норин бо муҳити зисти кунунии ин хонаводаҳо монанд аст. Дар ҳар як аз панҷ ноҳия — Оқ-Тало, Норин, Ҷумгал, Қучқор, От-Бошӣ — ду хонавода ҷой дода хоҳад шуд. Дар кулл даҳ хонавода кӯчонида мешаванд. Қарор шуд, ки ҳазинаи иҷораи манзили ин хонаводаҳоро ҳукуматҳои он ноҳияҳо пардохт кунанд".

Гуфта мешавад, ки хонаводаҳои қирғиз дар моҳҳои апрел — май аз Помир кӯчонида хоҳанд шуд ва ду моҳи аввалро дар шаҳри Норин ба сар хоҳанд бурд то бо шароити муҳити зисти нав созгор шаванд.

Бино бар додаҳои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон, ҳамакнун дар Помир камобеш 2100 қирғиз, аз он ҷумла беш аз 1200 тан дар Помири Хурд ва 825 тан дар Помири Калон, зиндагӣ ба сар мебаранд.

Жизнь памирских кыргызов
© Фото: Пресс-служба Государственной службы миграции
Кӯмаки башардӯстонаи ҳукумати Қирғизистон ба қирғизони Помир

Давлати Қирғизистон то кунун чаҳор бор ба қирғизҳои Помир ёрии башардӯстона фиристода аст. Дар соли 2014 низ бо ёриву ҳамкории сафорати Қирғизистон дар Кобул беш аз 80 дарсади шаҳрвандони қирғизтабори Афғонистон шиносномаҳои он кишварро дарёфт карданд.

Мавзуъ

Ҳаёт ва рӯзгори қирғизони Помир
Барчаспҳо:
даҳ хонавода аз Помир, кӯчонидан, вилояти Норин, Помири Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ