20:06 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Гунҷишк

Бархе аз кӯйу барзанҳои шаҳри Душанбе ду рӯз бе об хоҳанд монд

© REUTERS/ Shin Young-Geun/Yonhap
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
3202

Обрасонӣ ба бархе аз кӯйу барзанҳои пойтахт аз соати 22:00 рӯзи 17 апрел то соати 22:00 рӯзи 18 апрели соли 2017 қатъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо интишори қарори раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ ба иттилоъи пойтахтнишинон расонда, ки обрасонӣ ба бархе аз кӯйу хиёбонҳои шаҳр барои ду рӯз қатъ карда хоҳад шуд.

Шаҳрдорӣ далели ин тасмими ширкати давлатии "Обу корези Душанбе"-ро пайваст намудани лӯлаҳои обполо дар бунгоҳи обрасонии «Худравон» эълом кардааст.

Бино бар ин қарор, обрасонӣ аз соати 22:00 рӯзи 17 то соати 22:00 рӯзи 18 апрели соли 2017 ба маҳаллаҳои А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаббибӣ, Умар Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз чаҳороҳи хиёбони Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ) ва Боғи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрған, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, академикҳо Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаи №1 то №77 дар ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ зз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои номбурда дархост кардааст, ки барои як шабонарӯз оби ошомиданӣ захира кунанд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур ва мудири ширкати «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки дар ин ду рӯз бо истифода аз мошинҳои обкашон, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯиданӣ таъмин кунанд.

Мавзуъ

Рустам Эмомалӣ расман шаҳрдори Душанбе шуд
Барчаспҳо:
обрасонӣ, Худравон, КВД "Обу корези Душанбе", Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ