22:02 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Элизабет И. Миллард. Архивное фото

Амрико дар Қубодиён омӯзишгоҳи дӯзандагӣ роҳ андохт

© Страница консульства США в Алматы в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2609

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Ожонси Иёлоти Муттаҳида барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) омӯзишгоҳи дӯзандагӣ бунёд кард

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Маросими ифтитоҳи ин омӯзишгоҳ бо ширкати сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини раиси вилояти Хатлон Мағфират Хидирзода ва раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода баргузор шуд.

Мағфират Хидирзода дар ин маросим аз Ожонси ИМА барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) барои ёриву ҳамкорӣ дар роҳандозии ин маркази омӯзиши бонувон сипосгузорӣ кард.

Ҳадаф аз роҳандозии ин омӯзишгоҳ ҷалби занону духтарон ба коромӯзии ройгон аст то ба ин васила аз соҳибкории занона ҳам пуштибонӣ шавад. Дар ин бунгоҳ 10 дӯзанда тамомвақт кор карда ва дар як сол камубеш 150 касро омӯзиш хоҳанд дод.

Мавзуъ

Тоҷикистону Амрико ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд
Шаҳрдори Душанбе ва сафири Амрико ҳамкориҳои бародаршаҳрҳои ду кишварро баррасӣ карданд
Сафорати Амрико омӯзгорони тоҷикро ба омӯзиш даъват мекунад
Барчаспҳо:
бонувон, омӯзишгоҳ, ҳамкорӣ, USAID, Зафар Файзуллозода, Мағфират Хидирзода, Элизабет Миллард, Қубодиён, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ