17:41 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Куҳансарбозони ҶБВ. Акс аз бойгонӣ

Идии Эмомалӣ Раҳмон ба куҳансарбозони ҶБВ: се ҳазор сомонӣ

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
5311

Раҳбари Тоҷикистон ба масъулони мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, ки бо дарназардошти имконоти будҷаи маҳаллӣ ба куҳансарбозону коргарони ақибгоҳ кумак расонанд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ ба ҳар куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ тақдим мекунад.

"Ҳадяи идии раисҷумҳурро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, масъулони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба куҳансарбозон тақдим мекунанд", — омадааст дар гузориш.

Ин манбаъ меафзояд, ки раҳбари Тоҷикистон масъулони мақомоти маҳаллиро дастур додааст, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти будҷаи маҳаллӣ ба куҳансарбозону коргарони ақибгоҳ кумак расонанд.

Бино ба иттилоъи роҳбари Шурои куҳансарбозони ҶБВ Раҳматулло Қудратов, ҳамакнун дар Тоҷикистон 443 куҳансарбоз ва панҷ тан аз бозмондагони муҳосираи Ленинград ба сар мебаранд.

Куҳансолтарин сарбози ҶБВ дар Тоҷикистон Додарҷон Умаров аст, ки 117 сол дорад. "Ҷавонтарин" куҳансарбоз Леокадий Ковтун аст, ки 90 сол дорад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)

Мавзуъ

Дар Рӯзи Пирӯзӣ дар пойтахти тоҷикон "Ҳанги ҷовидон" қадам мезанад
Барчаспҳо:
се ҳазор сомонӣ, кумаки молӣ, кумак, Шӯрои собиқадорони ҶБВ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ