17:42 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Роҳпаймоии Ҳанги ҷовидон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар шаҳри Душанбе баргузор намешавад

© Рустам Юлдашев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)
8710

Дар Рӯзи Пирӯзӣ - 9 май роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" (Бессметрный полк) дар шаҳри Душанбе баргузор намешавад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар пойтахти Тоҷикистон, ки қарор буд 9 май баргузор шавад, бо қарори шаҳрдории Душанбе лағв шудааст.

Чуноне ки Шурои кишварии куҳансарбозону коргарони ҷанг ба хабарнигори мо гуфтанд, шаҳрдорӣ баргузории ин роҳпаймоиро ба далоили амниятӣ иҷоза надодааст.

Пештар хабар дода будем, ки шаҳрдорӣ иқдоми баргузоркунандагони ин роҳпаймоиро хуш пазируфта ва қарор буд масирашро ҳамоҳанг ва тасвиб кунад.

"Вале чанде пеш аз шаҳрдорӣ ба мо гуфтанд, ки роҳпаймоӣ баргузор нахоҳад шуд, зеро барои 9 май барномаи ҷашнии густардае таҳия шуда, ки қарор аст дар Боғи Пирӯзӣ баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар ин ҷашн чанд ҳазор кас ширкат хоҳад кард, аз ин рӯ шаҳрдорӣ наметавониста ҳамзамон амнияти ду барномаи густардаро таъмин кунад", — гуфт Валиҷон Сайёрбеков, муовини раиси Шурои кишварии куҳансарбозону коргарони ҷанг, дар тавзеҳи ин қарори шаҳрдорӣ.

Боре, бархе аз пойтахтнишинон омода шуда буданд дар ин роҳпаймоӣ ширкат кунанд. Чунончи, то кунун беш аз 60 кас аз Маркази фарҳангии Русия дар Душанбе барои таҳияи аксу барнавиштаҳо барои ин роҳпаймоӣ ёрӣ хоста аст.

"Ҳанги ҷовидон" — ҷунбише иҷтимоъӣ буда дар он довталабон бо аксҳои бобоён ё хешовандони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷангида ва ё шаҳида шуда бошанд, ширкат мекунанд. Ин роҳпаймоӣ ҳамасола дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)

Мавзуъ

Дар Рӯзи Пирӯзӣ дар пойтахти тоҷикон "Ҳанги ҷовидон" қадам мезанад
Барчаспҳо:
Ҳанги ҷовидон, роҳпаймоӣ, Шаҳрдории Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ