09:11 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Рустам Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ ба тоҷирони “Корвон”: ду сол аз пардохти иҷора озод мешавед

© Фото: Сайт / Dushanbe
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сӯхтор дар Тоҷикистон (8)
183610

Рустам Эмомлаӣ бо тоҷирони бозори “Корвон” дидор карда, супориш додааст, ки онҳоро ду сол аз пардохти хароҷот озод кунанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи Тоҷик.Та  Рустам Эмомалӣ дар ин дидор ба маъмурияти бозори "Корвон" супориш додааст, то давоми ду сол тоҷирони зарардида аз пардохтҳои бозор, монанди маблағи иҷора озод шаванд ва нуқтаҳои савдояшон дар муддати кӯтоҳ барқарор шавад.

"Инчунин ваъда шуд, ки мағоза ва нуқтаҳои савдои зарардида давоми 20 рӯз барқарор мешаванд".

Дирӯз, 2 июл соати 20:03 дар ҶДММ "Бозори Корвон" сӯхтор ба амал омада, масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, дар натиҷаи сӯхтор 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд.

Барои хомӯш кардани сӯхтор ба  ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайъати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар шуда будаанд.

Сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта шудааст.

Хушбахтона сӯхтор талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми хисорот муаяйн хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки шоми 29 июн дар интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар задааст.

Мавзуҳо:
Сӯхтор дар Тоҷикистон (8)

Мавзуъ

Чӣ тавр сӯхтори "Корвон"-ро хомӯш карданд
Сабаби сӯхторро дар "Корвон" 2 ҳазор милиса "муайян кард"
Бори шашум: Тафсилот аз сӯхтор дар бозори "Корвон"
Барчаспҳо:
"Корвон", Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ